00:47 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Рахим Бобохонов, архивное фото

Бобохонов: ҷанги идеологӣ дар Тоҷикистон танҳо соли 2015 тамом шуд

© Фото: Аккаунт в Facebook / Rahim Bobokhonov
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
203 0 0

Торихшинос Раҳим Бобохонов дар бораи дар ҳақиқат кай тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мегӯяд

Беш аз 25 сол пеш дар Тоҷикистон, 5 майи соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ҷанги бародаркуш танҳо  соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ бо миёнравии СММ ба итмом расид.

Аммо муборизаи сиёсӣ дар кишвар бештар аз ду даҳсола идома кард. Коршинос Раҳим Бобохонов мегӯяд, ҷанг танҳо пас аз баста шудани ҲНИТ тамом шуд.

"Ҷанг дар маънои идеологӣ дар Тоҷикистон танҳо соли 2015 тамом шуд. Зеро то ин вақт дар кишвар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият мекард. Аммо Ҳукумати кунунии дар охир  пирӯз шуд",- мегӯяд Раҳим Бобохонов.

Вай афзуд, Тоҷикистон дар ҳифзи ҷавонони кишвар аз ифродгароӣ дастболо аст.

Маълумоти бештарро аз сабти овозии боло гӯш кунед.

Барчаспҳо:
ҷанг, ҲНИТ, Раҳим Бобохонов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ