Муовини муфтии Русия: бе бародарони тоҷик зиндагӣ дар Маскав ғайри имкон аст

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Рамадана в Москве
Празднование Рамадана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини муфтии Русия, имом-хатиб Марат Алимов аз тоҷикони муқими Маскав барои саҳми онҳо дар рушди пойтахти Русия сипосгузорӣ кард

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik.  Муовини муфтии Русия, имом-хатиб Марат Алимов ба муҳоҷирони тоҷик баҳои баланд дод.

Дар "Хаймаи Рамазон" анъанавӣ дар Рӯзи Тоҷикистон тоҷикони муқими Маскав ҷамъ омада буданд. Назди кормандони вазорату идораҳои Русия тоҷикони оддӣ, ки барои шоми ифтор ба Масҷиди марказии Маскав омада буданд, нишаста буданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини муфтии Русия саҳми тоҷиконро дар зиндагии иқтисодии Маскав таъкид намуд.

"Бидуни бародарони тоҷик зиндагӣ дар Маскав ғайри имкон аст. Қаблан ҳамаи корҳо мушкил бар гардани мардуми дигар миллатҳо буд. Вале имрӯз масъулияти иҷтимоииву иқтисодӣ бар шонаҳои бародарони тоҷики мо гузошта шудааст. Ман аз шумо сипосгузорам" — сипосгузорӣ кард меҳмононро Марат.

Праздничный таджикский дастархан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Халифаи Роштқалъа: дини Ислом зиёдаравиро ҳаром ҳукм кардааст

Инчунин вай ба ҷамъомадагон амри маъруф карда қиссаи Лутро нақл кард ва ба ҳамаи тоҷикон дар бораи аҳамияти моҳи шарифи Рамазон суханронӣ кард.

"Хаймаи Рамазон" ин барномаи фарҳангиву маърифатпарварӣ мебошад, ки ҳар сол бо кӯмаки Мудирияти рӯҳонии мусулмонони Русия ва ҳукумати шаҳри Маскав ташкил мешавад. 

Дар моҳи шарифи Рамазон Хайма дар ҳавлии назди Масҷиди марказӣ гузошта мешавад ва дар он ҳар рӯзадор метавонад ифтор намояд. Инчунин рӯзадорон дар инҷо метавонанд амри маъруфи руҳониёни шинохтаи Русияро гуш кунанд.

Лентаи хабарҳо
0