18:04 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Сафири Тоҷикистон дар Русия Игор Лякин-Фролов

Фролов дар бораи тағйирёбии сиёсатии муҳоҷиратии Русия дар Тоҷикистон гуфт

© Sputnik Амир Исаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов таъкид кардааст, ки баъд аз анҷом ёфтани мизи мудаввар метавон дар бораи тағйирот дар сиёсати муҳоҷиратии ду кишвар сухан кард

"Пешниҳодҳо дар бораи тағйири сиёсати муҳоҷиратии байни Русияву Тоҷикистон, ки зимни ҳамоиш баррасӣ гардида, баъдан дар сатҳи ҳукуматӣ қарорҳои мушахас қабул карда мешаванд", — мегӯяд вай.

Ҷаноби сафир афзуд,  дар мизи мудаввари шашумин ҳамоиши байниминтақавии Тоҷикистону Русия коршиносону соҳибкорон ва узвҳои ҳукумати ду кишвар  назари худро дар бораи муҳоҷират баён хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз дар Душанбе шашумин ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Раисҷумҳури Русия Владир Путин ва кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин ҳамоишро такони муҳиме дар рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистону Русия гуфтанд.

Барчаспҳо:
муҳоҷират, Игор Лякин-Фролов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ