Раиси Ҳукумати Русия қайд кард, ки дар Тоҷикистон то ҳол талабот ба омӯзиши забони русӣ зиёд аст.
"Мактабҳои олии Русия барои соли хониши 2018 618 стпендия ҷудо кардаанд. Мо ба кишвар боз ҳам муаллимони забони русии бештаре равон хоҳем кард. Дар Тоҷикистон аз моҳи сентябр зиёда аз 50 омӯзгори рус ба кори худ шурӯъ хоҳанд кард",- эълом кард Медведев.
Вай ёдовар шуд, ки ин иқдом аз соли гузашта ҷорӣ карда шуд ва натиҷаи хуб дод.
Афзун бар ин, тавре нахуствазир гуфт, соли ҷорӣ пур аз рӯйдодҳои фарҳангӣ хоҳад буд.
"Соли фарҳангии ИДМ ва ҳафтаи кинои Русия баргузор хоҳад шуд. Аввалҳои тирамоҳ бошад дар шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад",-гуфт Дмитрий Медведев.