06:59 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Коршиноси рус Андрей Грозин

Грозин: Чин ягона кишварест, ки дар мавриди Сарез дилу гурда кард

© Фото : официальный сайт Института Стран СНГ
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
33010

Тоҷикистон 15 соли ахир аз минбарҳои гуногун тарҳи фурӯши оби кӯлро пешниҳод мекард. Ҳама аз ин пешниҳод пазироӣ мекарданд, аммо касе тарҳро бар ӯҳда намегирифт

Ба гуфтаи коршиноси рус Андрей Грозин, барои Чин тавсеаи тиҷории кӯли Сарез ҳам фишанги таъсиргузории иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва ҳам имконияти намоиши технологияҳои навини муҳандисии кишвар мебошад.

"Ориёнбонк" ва ширкати чинии Heaven Springs Dynasty Harvest дар бораи истифодаи тиҷории кӯли Сарез қарордод бастанд.

Оби кӯлро дар қуттиҳо ҷой дода дар кишвар ва берун аз он ба фурӯш мегузоранд.

Ба гуфтаи Андрей Грозин, мудири шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, Чин маҳз барои нуфузи бузурги иқтисодиаш дар Тоҷикистон ва технологияҳои пешрафтааш имконияти фурӯши оби Сарезро пайдо кард.

"Қарзи бузурги Тоҷикистон аз Чин мафҳуми дигар пайдо мекунад. Онҳо ба қарорҳое, ки дар ин ё он масъала Душанбе қабул мекунад, таъсир мерасонанд", - таъкид мекунад вай.

Ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон тайи 15 соли аз ахир аз минбарҳои хурду калон ба кишварҳои гуногун ин тарҳро пешниҳод мекард, аммо касе онро ба ӯҳда нагирифта буд.

Чин дар ин маврид ягон кишварест, ки барои нишон додани имкониятҳои технологияи навинаш дар амалисозии тарҳҳои мушкил фурӯши оби кӯлро бар ӯҳда гирифт.

Барчаспҳо:
Чин, Сарез, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ