19:37 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
258 0 0

Сенатор Елена Мизулина ба додситони кулли Русия муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки куштори духтарчаи панҷсолаи тоҷикро зери назорати худ бигирад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Елена Мизулина — сенатори рус аз додситони кулли Русия хоҳиш дорад, ки куштори духтараки панҷсолаи тоҷикро таҳти назорати худ бигирад.

"Бино бар иттилои мутахассисони гурӯҳи кории Шӯрои Маҷлиси Русия аз Серпухов ба хати мустақими Русия шикояти зиёд мерасад, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба шикоятҳои онҳо аз  бадрафтори ҷинсии шахсони алоҳида нисбати кӯдакон  вокуниш нишон намедиҳанд. Онҳоро на танҳо шикоятҳоро тафтиш намекунанд ё парванда намекушоянд, балки ба қайд ҳам намегиранд", — омадаст дар муроҷиати вакил.

Вакил аз додситони кулл хоҳиш кардааст, ки қазияити куштори духтараки тоҷикро зери назорати худ бигирад.

Мизулина гурӯҳи кории Шӯрои Маҷлиси Русияро оид ба пурзӯр намудани чораҷӯӣ нисбати бадрафтории ҷинсӣ ба ноболиғон роҳбарӣ мекунад.

Сенатор қазияи куштори Ҳувайдоро "фоҷиаи бузург" гуфтааст.

Барчаспҳо:
бадрафтории ҷинсӣ, вакил, Елена Мизулина, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ