01:58 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Сиёсатшинос Андрей Грозин, акс аз бойгонӣ

Грозин мақомоти қудратии Тоҷикистонро ба бесалоҳиятӣ айбдор кард

© Фото : официальный сайт Института Стран СНГ
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
91902

Ба гуфтаи сиёсатшинос Андрей Грозин куштори гардишгарон дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомотҳои қудратии Тоҷикистон пурра салоҳияти худро иҷро карда наметавонанд. Барои ҳамин дар ҳолати бадтар шудани вазъ, дахолати Русия аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ҳузури гурӯҳи терористии "Давлати исломӣ" (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Тоҷикистон ҳам барои гардишагарони рус, ҳам барои Русия хатар дорад, мегӯяд муовини мудири шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи ИДМ Андрей Грозин.

Пештар дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 29 июл чор гардишгар дар шоҳроҳи Данғара кушта шуданд. Ниҳод дар пайи баррассии ин ҳодиса чанд муттаҳамро безарар гардонида, чанд нафари дигарро ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба сайёҳон дастгир кард.

Гурӯҳи терористии ДОИШ масъулияти ҳамла ба терористонро ба дӯш гирифт.

Ба гуфтаи коршинос, ҳамлагарон метавонистанд узви ячейкаи ДОИШ дар Тоҷикистон  бошанд.

"Ба фикри ман, муттаҳамон  нафароне буданд, ки бо ин ё он роҳ бо ДИ пайванд доштанд. Эҳтимол меравад, ки онҳо ба ақидаву арзишҳои идеологии   гурӯҳ пойбанд буданд ва худро сарбози ин хилофати ҷаҳонӣ меҳисобиданд. Аз тарафи дигар, набояд фаромӯш кард, ки мақомотҳои қудратӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ  майли  шомил кардани ҳама гуна фаъолияти исломгароёнро ба радаи  тероризми ҷаҳонӣ доранд", — гуфт коршинос ба РИА Новости.

Ба гуфтаи Грозин, ҳузури гурӯҳи терористӣ дар Тоҷикистон ҳам барои гардишгарони рус ва ҳам барои Русия хатар дорад.

"Ин ҳодиса ба гардишгарони рус, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон хешованд доранд ва ба шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бетаъсир намемонад. Ҳузури гурӯҳи терористӣ дар Тоҷикистон ба Русия ҳам таҳдид мекунад. Зеро тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия  робитаҳои наздики ҳамкориҳои стратегӣ  доранд. Мо дар як ташкилоти иқтисодӣ ва низомиву сиёсӣ шомил ҳастем", — таъкид мекунад сиёсатшинос.

Ба гуфтаи вай, марги гардишгарони хориҷӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомотҳои қудратии Тоҷикистон пурра салоҳияти худро иҷро карда наметавонанд. Барои ҳамин, дар ҳолати бадтар шудани вазъ, дахолати Русия аз эҳтимол дур нест.

"Мо новобаста аз он ки мехоҳем ё намехоҳаем, дар ҳолати бадтар шудани вазъ дар кишвар, дахолат мекунем ва Тоҷикистонро ҳифз намоем. Тоҷикистон — ҳамкори стратегии мост ", — афзуд Андрей Грозин.

Ҳоло барвақт аст, ки Русия ҳузури низомиашро дар Тоҷикистон пурзӯр кунад. Сухан дар бораи пурзӯр намудани кори мақомоти қудратӣ меравад, афзуд коршинос.

Барчаспҳо:
мақомоти қудратӣ, ҳамла, ДОИШ, коршиносон, Андрей Грозин, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ