21:55 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Никита Мендкович

Мендкович: гурӯҳҳои хобидаи ДОИШ дар Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар зарба заданд

Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
39501

Никита Мендкович коршиноси рус бар онаст, ки мақсад гурӯҳи террористии ДОИШ дар Тоҷикистон бадномкунии роҳбарияти Тоҷикистон ва нобудсозии соҳаи ҷаҳонгардӣ дар ин кишвар мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Никита Мендкович, коршиноси Шӯрои ҳамкориҳои байналмилалии Русия дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки мақсади фаъолияти ДОИШ дар Тоҷикистон бадномкунии роҳбарият ва заиф намудани соҳаи ҷаҳонгардӣ дар ин кишвар аст.

Ба гуфтаи вай, мушкилоти Тоҷикистон мустақиман ба мавқеи ҷуғрофиёии он вобаста аст.

Вай афзуд, ки баъд аз куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, назди хадамати мухобиротии кишвар масъалаи фаъолияти гурӯҳҳои хобидаи ДОИШ дар Тоҷикистон матраҳ шуд. Хадамоти мухобиротии кишвар ҳоло масъалаеро баррасӣ доранд, ки дар қаламрави Тоҷикистон боз чӣ қадар гурӯҳҳои хобидаи ДОИШ фаъолият доранд.

"Мутаассифона пешгӯии коршиносон, ки қаблан мегуфтанд, ДОИШ фаъолияти худро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ паҳн мекунад, амалӣ шуда истодаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон марз дорад. Баъд аз шикасти нирӯҳои ДОИШ дар Сурия, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба Афғонистон мераванд", — мегуяд Мендкович.

Инчунин ба гуфтаи вай, ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷангҷӯён ба соҳаи ҷаҳонгардӣ ҳамла карда, қасд доштанд ба иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ расонанд. Ҳамчунин ДОИШ мехост роҳбарияти кишварро бадном карда, мардумро тарсонад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамла ба 7 дучархасавори хориҷӣ 29-уми июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара рух додааст. Мошини "Леганза" сайёҳонро зер карда, сипас афроди дохили мошин ба ҷабрдидагон бо корду табар ҳамла кардаанд.

Дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ гардидаанд. Шаҳрванди Фаронса, Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

ДОИШ 30 июл бо нашри як изҳорот масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Созмони террористӣ, зоҳиран барои исботи ҳамлааш навори қасамхӯрии муттаҳамонро низ мунташир кард.

Барчаспҳо:
Афғонистон, ҳамла ба сайёҳон, Данғара, гурӯҳ, террорист, ДОИШ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ