14:40 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
35610

Агар Тоҷикистон додугирифти худро бо Русия бо рубли русӣ анҷом бидиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд фоидаи молӣ ба даст биоранд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Александр Разуваев, коршиноси ширкати молиявии "Алпари"  мегӯяд, агар Тоҷикистон ҳисоббаробаркуниҳои худро бо Русия бо рубли русӣ анҷом бидиҳад, фоидаи молӣ ба даст хоҳад овард.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия вобастагии зиёд дорад.

"Тоҷикистон аз Русия вобастагии зиёд дорад, дақиқтараш аз интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ. Онҳо маошашонро бо рубли русӣ мегиранд. Онҳо бештар рубли русиро гирифта ба доллар мубодила карда ба ватанашон мефиристанд", — афзуд коршинос.

Агар ҳисоббаробариҳои ду кишвар бо рубли русӣ анҷом ёбад, муҳоҷирони меҳнатӣ дигар аз фарқияти қурби асъор зарар намебинанд.

"Фарз кардем, агар корхона ҳисобҳояшро бо рубли русӣ анҷом диҳад, ҳаққи хизмати бонкӣ намесупорад ва дар фарқияти қурб зарар намебинад. Агар ҳисоббаробарсозиҳо бо рубли русӣ анҷом ёбад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозорҳои молиявӣ, саҳмия, қоғазҳои қиматнок ва амволи ғайри манқули Русия имкониятҳои зиёд пайдо мекунанд", — гуфт коршинос.

Ҳамин тавр шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба ҳамаи имтиёзҳое молиявие, ки шаҳрвандони Русия доранд, дастрасӣ пайдо кунанд.

"Ҳукумати Русия кушиш дорад, рубли русиро ҳамчун асъори асосӣ барои ҳисоббаробаркунӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд ҷорӣ намояд, аммо ин раванд чанд ҳолати муҳим дорад. Рубл асъори бисёр ноустувор аст ва ҳар кас намехоҳад бо он кор гирад. Рубл бояд дар доираи кишварҳои ҳамсуд асъори устувор бошад", — таъкид кард коршинос.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳукумати Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кардааст, ки ҳисоббаробаркуниҳои ду кишвар бо рубли русӣ анҷом ёбанд.

Неъматулло Ҳикматулолзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, додугирифт бо рубл бо Русияро мувофиқи мақсад ва фоидаовар барои Тоҷикистон хонда буд. 

Барчаспҳо:
ҳисоббаробаркунӣ, додугирифт, рубл, қурб, ҳамкорӣ, Русия, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ