16:16 23 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Коршинос Владимир Евсеев, акс аз бойгонӣ

Раҳмон ва Мирзиёев масъалаи ҳузури Чин дар минтақаро баррасӣ мекунанд

Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъди 17 сол (18)
278 0 0

Владимир Евсеев роҳбари пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ бар он аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмиаш ба Узбакистон масоили мухталифро баррасӣ хоҳад кард, ки яке аз онҳо ҳузури Чин дар минтақа мебошад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Владимир Евсеев, роҳбари пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот дар Тошканд баррасӣ мекунанд,об ва энергетика аст.

Ба гуфтаи вай, мавзӯи обу энержӣ миёни ду кишвар бисёр муҳим аст ва роҳбарияти ду кишвар ба ҳамин масъала аҳамияти ҷиддӣ хоҳанд дод.

"Роҳбари Тоҷикистону Узбакистон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун аҳамияти хос медиҳанд", — таъкид кард коршинос.

Инчунин роҳбарони ду кишвар  тиҷорати назди марзро баррасӣ хоҳанд кард.
Валадимир Евсеев афзудааст, ки рушди ҳамкори миёни ҷамъиятҳои миллии кишварҳо калиди беҳтар намудани ҳамкориҳои ду кишвар мебошад.

Инчунин яке аз масалаҳои муҳиме, ки Раҳмон ва Мирзиёев баррасӣ мекунанд, ин ҳузури Чин дар минтақа мебошад.

Ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон барои устувориаш дар минтақа аз беҳтар намудани равобит бо Узбакистон истифода мекунад.

Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17-18 августи соли ҷорӣ ба Узбакистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Қарор аст зимни сафар, чандин санади муҳиме, ки сатҳи ҳамкории ду кишварро боло мебарад.

Тарафҳо зимни мулоқот масоили сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт, соҳаи коммуникатсионӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байни минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин онҳо дар бораи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар хоҳанд кард.

17 август дар "Узэкспоцентр" намоиши маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мешавад. Инчунин дар ҳамон рӯз консерти ҳунармандони ду кишвар низ баргузор мешавад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иштирок хоҳанд кард.

Рӯзи шанбе Раҳмон ҳамроҳ бо раиси порлумони Узбакистон, Нуриддин Исмоилов ва нахуствазири Узбакистон Абдулло Арипов мулоқот мекунад. Сипас раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Самарқанд сафар хоҳад кард. 

Мавзуҳо:
Аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъди 17 сол (18)
Барчаспҳо:
Мирзиёев, Чин, Узбакистон, ҳамкорӣ, равобит, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ