20:41 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Боронбеков Содиқ, акс аз бойгонӣ

Боронбеков: муҳоҷирон бемори футбол ҳастанд

© Sputnik / Рубен Гарсия
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
13510

Дар шаҳри Маскав дар варзишгоҳи “Труд”, бо дастгирии ҷамъяти фарҳангии “Нур” чемпионати лигаи футболбозони ғайрикасбӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар он 12 тим иштирок менамояд, шурӯъ шуд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ба гуфтаи яке аз ташкилкунандагони мусобиқаи "Нур-2018", Содиқ Боронбеков, сатҳи бозии тимҳои футболи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав сол аз сол боло меравад.

"Тимҳои футболи ғайрикасбии муҳоҷирон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле пашравӣ дорад. Ҳоло муҳоҷирони тоҷик футболи зебову сифатнок нишон медиҳанд",- таъкид кард Боронбеков.

Ба гуфтаи вай нисбат ба солҳои қаблӣ, тимҳои муҳоҷирон барои иштирок дар мусобиқа ба тимҳои худ тағйироти назаррас ворид намудаанд.

"Ҳоло муҳоҷирон ба тимҳои худ ҷавонону наврасонро бештар ҷалб мекунанд. Метавон гуфт, ки  муҳоҷирон бемори футбол мебошанд. Онҳо имкони ҳар рӯз машқу бозиро надоранд, аммо кушиш мекунанд дар мусобиқаҳои гуногуни футбол иштирок намоянд", —афзуд Боронбеков.

Ёдрас мешавем, ки ҷамъияти "Нур" дар Маскав, яке аз фаъолтарин ҷамъияти тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин ҷамъият барои иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни шаҳри Маскав тимҳои футбол, волейбол, баскетбол ва ғайра ташкил намудааст. Ин тимҳо дар аксари мусобиқаҳои ғайрикасбӣ дар Маскав иштирок намуда, мақомҳои баландро сазовор мешаванд.

Барчаспҳо:
муҳоҷирони корӣ, футбол, Маскав, тоҷик, муҳоҷирон, Тоҷикистон, Душанбе, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ