14:47 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Аминҷон Абдураҳимов, акс аз бойгонӣ

Аминҷон Абдураҳимов дар бораи мушкилии донишҷӯёни тоҷик ҳангоми сабти ном дар Русия

© МОСТ
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
316 0 0

Аз 8 июл ба қонунгузории муҳоҷиратии Русия ислоҳоте ворид шуданд, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар ҷойи истиқоматашон сабти ном шаванд. Сабти ном дар нишонаҳои ҳуқуқӣ мамнӯъ гашт

Ин ислоҳот барои бештари донишҷӯёни тоҷик дар Русия мушкилӣ меорад. Зеро агар пештар онҳоро дар бинои асосии донишгоҳҳо сабти ном мекарданд, пас ҳоло бояд онҳоро дар хобгоҳ сабти ном кард. Аммо дар хобгоҳҳо ба ҳамаи донишҷӯён ҷой намерасад.

"Ҳама кӯшиш мекунанд, ки ин мушкилиро ҳал кунанд, аммо ҳоло бенатиҷа аст. Донишгоҳҳое ҳастанд, ки аз донишҷӯён хоҳиш мекунанд, ки ин мушкилиро худашон ҳал кунанд, ё бархе аз онҳо ҳостелҳои арзон пешниҳод мекунанд, ки ба хобгоҳ табдил дода шудаанд", — мегӯяд Амниҷон Абдураҳимов, роҳбари ҷамъияти ҷавонони Тоҷикистон дар Санкт-Петербург.

Ба гуфтаи вай, бештари донишҷӯён аз ин тартибот бехабар буданд ва ҳоло маҷбуранд, ки пеш аз оғози таҳсил фаврӣ ба ҳал кардани ин мушкилӣ шитобанд.

Барчаспҳо:
қонун, донишҷӯ, мушкилӣ, муҳоҷират, Аминҷон Абдураҳимов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ