09:16 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Шокирджон Хакимов, архивное фото

Ҳакимов: раиси нави Бадахшон ба мардуми вилоят писанд меояд

Официальная страница Ш. Хакимова в Facebook
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
646 0 0

Раиси нави вилояти Кӯҳистони Бадахшон метавонад мушкилоти минтақаро бомуваффақият ҳал намояд, мегӯяд сиёсатшинос ва ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов

Чанде пеш дар Тоҷикистон раиси вилояти Бадахшон иваз шуд. Пас аз сафари кории раисҷумҳур ба вилоят ва интиқодаш аз вазъи қонуншиканӣ дар минтақа, ҷойи Шодихон Ҷамшедро Ёдгор Файзов, мудири Бунёди Оқохон гирифт.

Муовини раиси ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон, сиёсатшинос ва ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ин таъиноти кадрӣ дар вилоят бомуваффақият хоҳад буд.

"Дар усул, Ёдгор Файзов - кадри хуб аст. Ӯ босавод ва пурдон аст, якчанд забонҳоро медонад. Файзов иқтидори бузург ва маҳорати хуби ташкилотчигӣ дорад. Сокинони ВМКБ  аз ин таъинот хушашон хоҳад омад", - гуфт ҷаноби Ҳакимов ба Sputnik Тоҷикистон.

 

Барчаспҳо:
Шокирҷон Ҳакимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ