21:59 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Умарджони Эмомали пресс-секретарь МВД Таджикистана

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки бештар кадом биноҳоро ба фоҳишахона табдил медиҳанд

© МВД РТ
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
1113 0 0

Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, тартиботи манъ гаштани вуруди зан ва марди бегона ба ҳаммом, як ҳуҷраи меҳмонхона падидаи нав набуда, солҳост, ки дар Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ба гуфтаи вай, чанд ҷойҳое ҳастанд, ки маъмулан соҳибонашон онҳоро ба фоҳишахона табдил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Чанд рӯзи ахир, хабари манъ шудани вуруди зану мард дар Тоҷикистон ба сауна ё ҳаммомҳо бидуни пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ мавриди баррассии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гаштааст.

Ахиран расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки дар кишвар вуруди зану мард бидуни шаҳодантномаи ақди никоҳ ба ҳаммом ва саунаҳо мамнӯъ шуд.

Ҷуфтҳое, ки хоҳиши истифода бурдан аз хитзматрасонии ҳаммом ё саунаро доранд, бояд бо худ шаҳодатномаи ақди никоҳ дошта бошанд.

Аммо, ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, ин тартибот нав набуда, пештар низ роҳбарияти ҳаммом, меҳмонхонаҳо ва саунаҳо огоҳӣ доштанд, ки роҳ додани ҷуфтҳо ба ҷойҳои хилват бе дидани шаҳодатномаи ақди никоҳ мамнӯъ аст.

"Ин тартибот ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии фоҳишагарӣ дар Тоҷикистон кайҳост, ки амалӣ мешавад. Роҳбарияти чунин муассисаҳо аз он солҳост, ки бохабаранд",- мегӯяд ҷаноби Умарҷон.

Ба гуфтаи вай, пештар кормандони милиса дар салонҳои маҳс, ҳаммом ва саунаву хонаҳои иҷора ва меҳмонхонаҳо ҳолатҳои ташкил ёфтани фоҳишахонаҳоро ошкор карда буданд.

"Маъмулан ҳастанд соҳибони ҳарисе, ки барои даромади бештар ҳаммом, сауна, толори маҳс ва хонаҳои иҷораро ба фоҳишахона табдил медиҳан", -мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Умарҷон, агар роҳбарнони чунин муассисаҳо дидаву дониста ҷуфтҳои бегонаро  роҳ диҳанд, ин кирдори онҳо, чун ташкили фоҳишахона арзёбӣ мегард ва онҳо мувофиқи қонунгозурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ