14:48 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Посол Таджикистана в РФ Имомуддин Сатторов об амнистии мигрантов
© Sputnik

Сатторов: монеаҳо барои ворид кардани маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия бояд бартараф шаванд

Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Имомуддин Сатторов, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия шарҳ дод, ки барои чӣ миёни ду кишвар роҳрави сабз лозим аст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия зимни нишасти матбуоти дар Ожонсии байналмилалии иттилоотии “Россия сегодня” гуфт, ки  музокирот дар атрофи ифтитоҳи роҳрави сабз  миёни Русияву Тоҷикистон алакай тӯли чор-панҷ сол аст, ки баррасӣ мешавад.

Вай афзуд, ки ҳамаи санадҳои лозима омода ҳастанд ва ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Сатторов таъкид намуд, ки мутаасифона то ҳол корҳо дар ин ҷодда бисёр суст ба роҳ монда шудааст.

Сафир таъйид намуд, ки ҳоло маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия тариқи кишварҳои миёнарав сурат мегирад.

“Имрӯзҳо маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия тариқи дигар кишварҳо ворид мегардад. Дар ин кишварҳои миёнарав маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон ворид мегардад умуман намерӯяд”, - таъкид кард Имомуддин Сатторов зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи сафир, ба ҳамин хотир тавозуни савдо миёни Тоҷикистону Русия кам шудааст.

“Барои ворид намудани молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия бояд ҳамаи маҳдудиятҳо бардошта шаванд”, - таъкид намуд Сатторов.

Инчунин сафири илова кард, ки Русия бояд сертификатҳои Тоҷикистонро эътироф намояд. 

Барчаспҳо:
гумрук, Русия, савдо, маҳсулот, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ