15:56 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Марат Орипов

Бақо Содиқ: Марат Орипов Жан Мореи тоҷик буд

© Sputnik Амир Исаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
210 0 0

Коргардони машҳури тоҷик, дӯст ва ҳампешаи Марат Орипов Бақо Содиқ аз марги яке аз чеҳраҳои дурахшони синамои тоҷик мутаассиф аст. Ӯ мегӯяд, Марат Орипов Жан Маре ва ё Жарар Филипи тоҷик буд. Аммо, ба гуфтаи вай, на ҳамеша коргардонҳо ба Орипов нақшҳоеро пешниҳод карда метавонистанд, ки “дар сатҳи ӯ буданд”

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бақо Содиқ, коргадони машҳури тоҷик, ки феълан дар Узбакистон ба сар мебарад, ҳунарманди номии тоҷик Марат Ориповро Жан Мореи тоҷик номид.

Ҳунарманд дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон аз даргузашти Марат Орипов изҳори таассуф кард ва гуфт, ки бо актёр солҳо иртиботи дӯстӣ дошт.

Режиссер Марат Орипов. Снимок в фотоальбоме
© Sputnik
Режиссер Марат Орипов. Снимок в фотоальбоме

Ба гуфтаи вай, “Марат Орипов –  яке аз чеҳраҳои намоёни синамо ва санъати тоҷик буд. Аммо мутаассифона, ба ӯ баъзан нақшҳоеро ҳам пешниҳод мекарданд, ки дар сатҳи ӯ набуданд”. “Он вақтҳо, дар “Тоҷикфилм” ва натанҳо, бо талаби замон филмҳои заифро низ ба навор мегирифтанд. Онҳо анъанавӣ ва такрорӣ буданд. Ба ӯ ҳам (Марат Орипов -идора) нақшҳоеро медоданд, ки дар сатҳи вай набуданд”,  - мегӯяд Бақо Содиқ.

Орипов ба нақши Фиръавн даъват шуда буд

“Ман бо Марат дӯстӣ доштам. Хуб дар ёд дорам, ки Ёжи Кавалерович (коргардони чех-идора) мехост филми “Фиръавн”-ро ба навор гирад ва  барои нақши Фиръавн Марат Ориповро даъват карда буд.  Ин нақш дар  сатҳи Марат буд. Ӯ метавонист, нақши Фиръавнро хело зебо офарад”, - ба ёд меорад Бақо Содиқ.

Агар ба ӯ ин нақшро медоданд, вай ба хубӣ аз ӯҳдааш мебаромад, меафзояд вай.

“Жан Мореи тоҷик буд”

 “Марат инсони ҳамадон буд. Чеҳраи зебо дошт ва хушқаду қомат буд. Чун ҳунарманд низ истеъдоди бадланд дошт. Барои нақшҳои романтикӣ мисли Орипов ҳунармандеро ёфтан мушкил буд, ӯ Жарар Филип ва Жан Мореи тоҷик буд”, - афзуд Бақо Содиқ.

Вақте ман ба студияҳои Ленинград, Молдова ё Украина мерафтам, ҳама аввал аз Марат мепурсиданд. Ӯ “гули сари сабад”-и синамои тоҷик буд. Аммо дар ҷое изҳори таассуф низ мехӯрам, ки ба чунин ҳунарманди тавоно ва зебо филномаи мувофиқе пешниҳод намешуд.

“Ӯ агар нақши Самаки айёрро мебозид,  беҳтарин Самаки айёр буд. Вай метавонист шоҳкориҳои дигаре низ созад, ки ин аз сенариянависон ва драматургон вобаста буд”, - боварӣ дорад коргардон.

Ба ҳар ҳол, кинои тоҷик ба шарофати ҳанурмандоне чун Марат Орипов дастовардҳои зиёдеро ноил гашт ва нақшҳое офаридаи ӯ чун намунаи беҳтарин даврони кинои тоҷик мемонад, гуфт Бақо Содиқ.

Ёдрас мешавем, Марат Орипов ҳунарманд ва коргардони  номии тоҷик 29 октябр дар синни 83-солагӣ дар Душанбе вафот кард. Марат Орипов, ки чун Рӯдакии синамои тоҷик машҳур аст, нақши Абӯалӣ ибни Синоро низ дар филми коргардон Комил Ёрматов бозидааст.

Марат Орипов в роли Авиценны. 1956 год. Репродукция
© Sputnik / А. Варфоломеев
Марат Орипов в роли Авиценны. 1956 год. Репродукция

Охирони филме, ки  Орипов нақш бозид, “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов аст.

Марат Орипов чун коргардон шаш филм ба навор гирифтааст.

Ориповро барои нақши Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир” ба ҷоизаи ҷашнвораи Қоҳира сазовор дониста буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ