12:29 24 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Дмитрий Попов, руководитель Уральского информационно-аналитического центра РИСИ
© Фото : Предоставлено Дмитрием Поповым

Попов: ҳузури намояндагони Узбакистон дар маросими ифтитоҳи НБО Роғун нишонаи хубе аст

Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
446 0 0

Коршинос Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стротежии Русия Дмитрий Попов ҳузури намояндагони Узбакистонро дар ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон нишонаи хуби ҳамкорӣ миёни ду кишвар арзёбӣ кардааст

Ба гуфтаи Попов, баъд аз он ки Шавкат Мирзиёев раисҷмҳури Узбакистон интихоб гардид, муносибати Узбакистон нисбати сохтмони НБО Роғун нармтар шудааст.

“Ман фикр мекунам, ки Узбакистон аз сохтмони ин иншооти бузург нигаронӣ дорад. Нигарониаш бештар ба рушди минбаъда НБО ва чӣ гуна он дар оянда истифода мешавад. Узбакистон аз он нигарон аст, ки дар оянда Тоҷикистон метавонад аз имкониятҳои худ истифода намуда роҳи обро дар дарёҳо танзим кунад”, - гуфт коршинос.

Попов таъкид намудааст, ки ҳузури намояндагони Узбакистон дар маросими ифтитоҳи НБО Роғун нишонаи хуби ҳамкорӣ миёни ду кишвар аст.

Вай афзуд, ки чунин ҳолат замони роҳбарии Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон ғайриимкон буд. Он замон Узбакистон мухолифи ин лоиҳа буд.

Дмитрий Попов ҳузури намояндагони Узбакистон дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи Роғунро нишонаи рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар арзёбӣ кардааст.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Узбакистон, ифтитоҳ, НБО Роғун, НБО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ