12:56 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Новорожденный, архивное фото

Муфтӣ: исқоти ҳамл ҳаром аст, ҳар як кӯдак ба буҷаи Тоҷикистон миллион доллар меорад

CC0 / Pixabay
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
841 0 0

Раиси Шӯрои мусалмонони Русия Албир Крганов мегӯяд, истифодаи маводи зидди ҳамлро шариат иҷозат медиҳад, аммо исқоти ҳамл ҳаром аст

Ҷопон барои пешгирии ҳамли номатлуб дар Тоҷикистон 2,5 миллион доллар ҷудо кардааст. Кишвар дар муддати 4 сол ба Тоҷикистон намудҳои гуногуни маводи зидди ҳамл ирсол хоҳад кард.

Ба гуфтаи муфтии Русия, истифодаи маводи зидди ҳамл дар ислом иҷозат дода шудааст.

"Тоҷикистон - минтақаест, ки дар он бештар мусалмонон зиндагӣ мекунанд ва онҳо кӯшиш мекунанд зиндагии худро тариқи қавонини ислом ба роҳ монанд. Дар шариат истифодаи маводи зидди ҳамл иҷозат дода шудааст, лекин куштани кӯдак яъне исқоти ҳамл ҳаром аст", - тавзеҳ дод вай.

"Агар масъала дар сари банақшагирии оила аст, пас ислом даъват мекунад, ки бояд фарзанди зиёд ба дунё овард. Зеро дар Қуръон гуфта мешавад, ки ҳар як фарзанд бо ризқи худ таваллуд мешавад. Кӯдаконро бояд пеш аз ҳама тарбия кард", - таъкид мекунад вай.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Аврупо таваллуди як ё ду фарзанд аз рӯи меъёр асту мӯд шудааст, ки умуман таваллуд накунанд ва барои худ зиндагӣ намоянд.

"Аммо дар гузашта, ҳам славянҳо, ҳам туркон ва ҳам мусулмонон фарзанди зиёд таваллуд мекарданд", - ёдовар мешавад вай.

Ба гуфтаи Крганов, маҳз аҳолии зиёд боиси пешрафти кишвар мешавад.

"Ҳар як кӯдак ба буҷаи кишвар миллион доллар даромад меорад", - мегӯяд муфтии Русия.

Мавзӯъҳои асосӣ