14:49 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Свадьба, архивное фото

Дарди дили ҷавони зангир: духтарон дар Фейсбук ҳама асрорашонро менависанд

© Sputnik / Амир Исаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
288 0 0

Замоне расидааст, ки мардон ба осонӣ метавонанд ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи нафаре аз ҷинси латиф маълумоти кофӣ ва лозима ба даст оварда, зуд "рағбаташон"-ро нисбати вай гум кунанд ва дар ҷустуҷӯи зани дигаре шаванд

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik, Бакит Толканов. Ҳар як духтар бояд сиру асрори худро дошта бошад. Ин маталро ҳанӯз гузаштагони мо мегуфтанд. Аммо ҳоло замон дигар шудааст ва гуфтаи болоро ҷавонон қабул надоранд, менависад як ҷавон.

Ҳамагӣ 5-10 сол қабл, пеш аз зангирӣ барои дар бораи духтаре маълумот пайдо кардан, бояд машаққати зиёде мекашидӣ: ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад, кор мекунад ё мехонад, кадом ранг ба вай писанд аст, ҳатто номашро мекофтӣ. Барои ин бояд майнаро об мекард. Шиносҳои умумӣ меёфтед, агар пайдо накунед, худатон бо нафаре аз дӯстонаш ошно мешудед. Баъд фурсат ёфта, дар бораи духтар маълумот мепурсидед.

 Ҳамин тавр маълумотро дар бораи духтаре бо сарфи қувваи зиёд ҷамъ меовардед. Мушкил буд, аммо дар ин гуна вақтҳо худро кошифе ҳис мекунӣ, ки ин ба муносибатҳои ҳоло сар нашуда, намак мерезад. Сипас мулоқотҳои эҳтиёткорона, тӯҳфа, гул ва кӯшишҳои ба вай писанд омаданро мекардед.

Салом алейкум, шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар аввал шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро хурсанд кард. Зеро тариқи он бе ягон мушкилӣ дар бораи духтар тамоми маълумотҳоро метавон пайдо кард - аз табъу завқ то дӯстону наздиконаш. Ҳамаи мардон аз ин хело хурсанд гаштанд. Сарфакорон фаҳмиданд, ки охури он духтар баланд аст, шоирон фаҳмиданд, ки бо хондани Есенин ту барои вай қаҳрамон мешавӣ ва бо духтаре, ки нӯшидани қаҳваро дӯст медорад, метавонӣ бо боварӣ қаҳва фармоиш диҳӣ.

Ман медонистам, ки ту дар хурдӣ чӣ хел будӣ...

Дар филмҳои мазҳакавии  Ҳолливуд волидони арӯс ба ҷавон аксҳои хурдии духтарашонро нишон медиҳанд. Ҳоло бошад ин аксҳо ба Фейсбук ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд.  Шумо танҳо бо гузаштан ба саҳифаи духтар дар бораи қаду қомати вай, шуғли дӯстдошта, ҳатто  нигоҳҳои саиёсиаш маълумот пайдо карда метавонед.

Боре яке аз дӯстонам шикоят кард, ки духтаре ба мулоқот баромада, ба ҷойи сӯҳбат бо вай дар Фейсбук ва Твиттер пост навиштааст. Мушкилӣ дар он аст, ки духтар мулоқоти онҳоро тасвир кардааст. Мо бошад, хуб дӯстамонро масхара кардем.

Асроре намонд

То рафт кам пардае мемонад, ки духтаронро пинҳон кунад. Баръакс ӯ дар бораи худ чунон маълумотҳои зиёд медиҳад, ки ҳайрон мешавӣ: оё маълумоте ҳаст, ки дар бораи вай намедонам? Назария аҷибе ҳаст, ки муҳаббат байни зану мард танҳо дар асрҳои миёна пайдо шудааст. Ба фикри ман, маҳз сиру асрор буд, ки ин ҳисси аҷиб байни одамон ба миён омад. Оё муҳаббат оянда дорад - фаҳмидан мушкил аст. Аммо ман ҷавони замонавӣ нестам, ҳарчанд ҷаҳон имрӯз номукаммал аст, аммо то он дараҷае ба гуноҳ ғӯтта назадааст, ки одамон аз муҳаббат маҳрум шаванд. Кӯтоҳтар карда гӯем, ба ҳаммааш шабакаҳои иҷтимоӣ "гунаҳкор"...

Мавзӯъҳои асосӣ