14:30 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Альбир Крганов, член Общественной палаты РФ, глава Духовного собрания мусульман России

Крганов гуфт, ки оё мусалмонон метавонанд ғусли таъмид кунанд

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
238 0 0

Раиси Шӯрои мусалмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов гуфт, ки оё ба мусалмонон дар таъмид оббозӣ кардан равост ё не

"Мусалмонон метавонанд дар шикофии як оббозӣ кунанд, аммо ширкати онҳо дар ғусли таъмиди масеҳиён номатлуб аст", - гуфтааст Крганов ба Sputnik.

Вай таъкид кардааст, ки имон дар дили ҳар мусалмон нуҳуфта аст.

"Агар мусалмоне дар ғусли таъмид оббозӣ кунад ҳам, имон ӯро тарк намекунад. Одамоне, ки Қуръонро хондаанд, мефаҳманд, ки бо ин амалашон кофир намешаванд", - тавзеҳ медиҳад вай.

Аммо на ҳамаи мусалмонон инро медонанд. Барои ҳамин барои атрофиёнро нороҳат накардан, беҳтараш аз ғусли таъмид худдорӣ кард, мегӯяд вай.

Оббозӣ дар шикофии як дар Иди таъмид, 19 январ яке аз анъанаҳои масеҳиён мебошад. Пайравони ин дин ақидае доранд, ки оббозӣ дар таъмид гуноҳҳоро пок мекунад. Дар ин рӯз масеҳиён ба калисо мераванд, омурзиш мехоҳанд ва хоҳишмандон метавонанд ғусли таъмид кунанд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ