14:35 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Доцент кафедры экономики и финансов факультета экономических и социальных наук (ФЭСН) РАНХиГС Алисен Алисенов

Коршинос дар бораи кам шудани даромади муҳоҷирони тоҷик ва таъсири он ба иқтисоди Ватан

© из личного архива Алисена Алисенова
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
261 0 0

Дотсенти кафедраи иқтисод ва молияи РОНХиГС Алисен Алисенов гуфт, ки кадом омилҳо боиси гарон шудани нарх мешаванд. Ба гуфтаи вай, яке аз сабабҳои асосӣ кам шудани даромади муҳоҷирони тоҷик низ мебошад

Ба гуфтаи Алисенов, кишварҳои ИДМ, ки пештар ба Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд, аз лиҳози иқтисодӣ бо Русия иртиботи бузург доранд.

"Ҳаҷми асосии содироти маҳсулоти кишварҳои зикршуда ба Русия фиристода мешаванд. Бо далели ворид шудани таҳримҳо ва беқурбшавии пул дар кишварҳои ИДМ ҳаҷми содироти онҳо ҳам камтар мешавад. Ин сабабҳои умумӣ мебошанд, ки қариб ба тамоми кишварҳо тааллуқ доранд", - мегӯяд дотсенти кафедраи иқтисод ва молияи РАНхиГС Алисен Алисенов.

Ба гуфтаи Алисенов, дар Тоҷикистон нархҳо бо чанд далел гарон мешаванд.

"Яке аз онҳо - поён шудани арзиши ҷаҳонии алюминий ва пахта мебошад, ки Тоҷикистон асосан ин колоҳоро содирот мекунад. Ҳамчунин кам шудани интиқоли пулии муҳоҷирон низ яке аз сабабҳои асосит. Даромади муҳоҷирони тоҷик хело кам шудааст", - таъкид мекунад коршинос.

Афзун бар ин, ихроҷи сармоя аз кишвар ва беқурбшавии пули миллӣ боиси таваррум шудааст, афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршинос, таваррумро метавон дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ суст кард.

"Таваррумро бояд бо роҳи дида баромандани сиёсати нархгузорӣ, паст кардани андоз, арзон кардани хизматрасониҳои ҳаётан муҳим ва бардоштани мамониятҳо байни савдои кишварҳои ИДМ паст кард", - маслиҳат медиҳад вай.

Мавзӯъҳои асосӣ