16:21 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Никита Мендкович
Владимир Трефилов, МИА "Россия сегодня"

Коршинос: Русия барои мубориза бо террористон ба Тоҷикистон кумак мекунад

Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
21610

Никита Мендкович, раиси Бошгоҳи таҳлилии АвруОсиё ва коршиноси Шӯрои муносибатҳои байналмилалии Русия тавзеҳ дод, ки чӣ тавр Русия ба Тоҷикистон барои мубориза бо террористон дар марзи Афғонистон кумак мерасонад

Тоҷикистон аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ – СПАД мебошад, ки барои мубориза бо террористон кӯмак мерасонад.

“Ҳоло яке аз самтҳои асосии СПАД дар чаҳор-панҷ соли ахир пурзур намудани марзҳои ҷануб бо Афғонистон мебошад. Пеш аз ҳама марзҳои Тоҷикистон”, - таъкид намуд коршинос Никита Мендкович, раиси Бошгоҳи таҳлилии АвруОсиё.

Ба гуфтаи коршинос Русия барои дифои марзи Тоҷикистону Афғонистон корҳои зиёде анҷом медиҳад.

“Русия дар доираи барномаҳои мавҷуда, ба Тоҷикистон кумаки техникиву молӣ мерасонад. Русия ба Тоҷикистон аслиҳаву техника медиҳад, инчунин дар баъзе ҳолатҳо барои беҳтар намудани назорати хати марз бо мушовирон таъмин менамояд”, - таъкид намуд коршинос.

Вай инчунин афзуд, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мушкил боқӣ мондааст.

“Аксари қочоқбарони маводи мухаддир, ки қаблан дар самти Тоҷикистон фаъолият мекарданд ҳола дигар роҳҳо меҷӯянд. Ин пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки назорат дар марз каме сахт карда шуд. То ҷое ман медонам дар як сол дар марз то 30 задухурд миёни марзбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон ба қайд гирифта мешавад. Нафароне, ки ба қаламрави мо бо аслиҳаву ҳероин марг меоранд, нобуд карда мешаванд”, - илова кар Мендкович.

Коршинос илова кард, ки дар размоишҳои ахири Тоҷикистону Русия нишон дода шуд, ки Русия артишашро метавонад дар муддати 10-12 соат ба ҷои ҳодиса расонад.     

Барчаспҳо:
кумак, силоҳ, маводи муаддир, Русия, марз, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ