15:27 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Министр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото

Вазир дар бораи ошталош дар фестивали палав: обрӯи миллати тоҷикро резониданд

© Sputnik / Амир Исаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
925 0 0

Вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, қазияи ошталош дар Фестивали оши палав дар Душанбе аз ҷониби бархе афрод, "бисёр нанговар буд". Ӯ мегӯяд, худи фестивал чорабинии хубе буд, аммо "бархе бехирадон ба ҳамин кор даст зада, обрӯи миллатро паст карданд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз, 8 феврал дар Душанбе дар рафти як нишаст қазияи "ошталош"-ро дар Фестивали Оши палав дар Душанбе дар моҳи ноябри соли гузашта тавзеҳ дод.

Ба гуфтаи Орумбекзода, ниҳод аз ин қазия то нашр шудани навори он дар интернет хабар надошт.

"Чорабинӣ бевосита зери назорати ёвари раисҷумҳур ифтитоҳ шуд. Намоишгоҳ яке аз беҳтаринҳо буд. Вале дар фарҷом мо ҳам тариқи интернет аз ин қазия огоҳ шудем", - гуфт вай.

Вай афзуд, ки "ин амал ҷанбаи фарҳангии фарзандон ва бародарону худи моро ифода мекунад".

Ба гуфтаи Орумбекзода, дар фестивал намояндагони ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок ва чорабиниро назорат мекарданд, аммо "бархе бехирадон ба ин кор даст заданд".

"Мо арзишҳоеро дорем, ки бояд риоя кард ва набояд танҳо дар бораи манфиати худ фикр кунем. Бисёр барои миллати мо нанговар аст, ки бархе аз бехирадон ба ҳамин кор даст зада, обрӯи миллатро паст заданд", - таъкид кард вазир.

Як навор аз ҷашнвораи "Оши палав" дар Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи интиқодҳоро ба бор овард.

Тавре дар наворе, ки корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд, дида мешуд, дар сари деги пур аз палав мардуми зиёде ҷамъ омада, ҳар яке бо  лаганду каланд ва ҳатто даст кӯшиш мекунанд барои худ ош гиранд. Ба гуфтаи корбарон мағал дар сари деги ош  "қиёматеро мемонд".

Ёдрас мешавем, 10 ноябри соли 2018 дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали "Оши палав" бо як шаҳомати хос ташкил карда шуд.

Рамзӣ буд, ки дар фестивал бори аввал дар як дег як тонна ош пухтанд.

Дар он ҳафт ошпаз аз 250 кило  биринҷ, 200 кило гушт, 350 кило сабзӣ, 40 литр равгани зағер, 50 литр равғани офтобпараст, 30 кило пиёз, 1 кило зира, 1 кило мурч,5 кило мавиз, 1 кило зелол, дар умум аз як тонна маҳсулот ош омода карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ