11:01 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Эльдар Муртазин, ведущий аналитик Мобайл Рисёч груп - Mobile Research Group

Коршинос Муртазин: болоравии арзиши алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон асос надорад

© из личного архива Эдьдара Муртазина
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
349 0 0

Коршиноси ташкилоти Mobile Research Group Элдар Муртазин болоравии арзиши алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Муртазин таъкид намуд, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба танзими давлатии нарх даст задааст, ки паёмадҳои ногувор дорад.

“Соҳаи алоқа пайвастагии иҷтимоӣ дорад. Ин як фазои рақобатпазирест, ки одатан мақомоти зиддиинҳисорӣ дар он болоравии нархро маҳдуд мекунанд. Яъне онҳо арзишеро ниҳоиро муайян менамоянд, ки аз он дигар зиёд кардан иҷозат нест. Ҳолати аҷибу ғарибест, ки мақомоти зиддиинҳисорӣ нархи алоқаро боло мебарад. Ин гуна ҳолат дар ягон ҷои дунё дида намешавад”, - гуфт коршиноси Mobile Research Group Элдар Муртазин.

Ба ақидаи Муртазин бино бар болоравии арзиши алоқа мардуми Тоҷикистон суҳбатҳои телефониро маҳдуд хоҳанд кард.

“Онҳо фикр мекунанд, ки мардум гуфтугуҳои телефониро кам намекунанду даромади онҳо дар шакли андоз зиёд мегардад. Аммо ин роҳи ғалат аст, мардум суҳбатҳои телефониро маҳдуд ё умуман қатъ хоҳанд кард”, - таъкид дошт коршинос.

Муртазин қайд намуд, ки болоравии арзиши алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон асос надораду, онро наметавон асоснок кард.

“Арзиш хеле баланд аст. Пештар агар ҳар шахс барои алоқаи мобилӣ ҳамагӣ 2 дарсади даромадашро масраф мекард, ҳоло бошад ин рақам ба 4 -4,5 дарсад мерасад. Ин бисёр назаррас аст. Барои кишварҳое, ки даромади аҳолиаш начандон зиёд аст ва ба назари ман Тоҷикистон ба гурӯҳи ҳамин гуна кишварҳо дохил мешавад, аҳоли ҳар дирамашро ҳисоб мекунад. Ин гуна беасос боло бурдани арзиши алоқаи мобилӣ поёмадҳои хуб надорад”, - хулоса кард коршинос.

Барчаспҳо:
коршиносон, болоравии қиммати алоқаи мобилӣ, 2% афзудани нархи алоқаи мобилӣ, алоқаи мобилӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ