03:23 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Давлат Худоназаров дар консерти Далер Назаров

Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"

© Sputnik / Стас Этвеш
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
397552

Давлат Худоназаров фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони номии тоҷик ба эҷодиёти Далер Назаров баҳои баланд дод

ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik, Нилуфар Некқадам. Рӯзи 22 март дар толори "Оркестрион"-и Маскав консерти ҳунарманди асил Далер Назаров баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои баргузоркунандагони консерт Аслишо Акимбеков ва Таня Тихоненко дар маҳфил 500 тамошобин ҷамъ омада буд. Миёни онҳо фарҳангиёну элитаи тоҷикони Маскав низ буданд.

Дар ҳошияи ин консерт Sputnik Тоҷикистон бо коргардони номӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ, Давлат Худоназаров дар бораи эҷодиёти Далер Назаров суҳбат кард.

"Наздики 70 дарсади сурудҳои Далер Назаров дар консерти имрӯза нав буданд. Далер маро ҳам бо сифати суруд ва ҳам матни онҳо дар ҳайрат гузошт. Ин Далери пешин нест, ин Далери хирадманди таҷрибадор аст, ӯ супер профессионал аст",-гуфт Давлат Худоназаров.

Ба қавли ӯ Далер Назаров дар саҳна бозӣ намекунад, балки бо толор алоқаи дӯстӣ барқарор кардаву муҳаббати худро тақдим мекунад ва омода аст муҳаббати мухлисонро қабул кунад.

"Ӯ бисёр композитори тоҷик аст. Мусиқии ӯ такрорнашаванда аст. Далер оҳангҳои эронӣ, афғонӣ ё ҳиндиро тақлид намекунад. Мусиқии ӯ аз умқи фарҳанги тоҷикон баромадааст",-бовар дорад Давлат Худоназаров.

Давлат Худоназаров дар консерти Далер Назаров
© Sputnik / Стас Этвеш
Давлат Худоназаров дар консерти Далер Назаров

 

Худоназаров мегӯяд, гарчанде Далер зодаи вилояти Бадахшон аст ҳаст, ин эҳсос намешавад, мусиқиаш фақат тоҷикист.

"Ман консерти имрӯзаро бо хурсандӣ қабул кардам. Ин сатҳи дигар аст. Ӯро бо касе монанд кардан намешавад, ӯро такрор карда намешавад. Мусиқии Далер оригинал аст. Дар консерти Далер инсон бо руҳ сару кор дорад, ин як навъи медитатсия аст. Далер ба матни суруд диққати вижа дорад ва ман аз ӯ бисёр миннатдорам",-гуфт Давлат Худоназаров.

Суҳбати Давлат Худоназар: талоши Рӯдакӣ зидди арабишавӣ то баҳси тоҷику узбак барои Сино

Ҳамчунин Давлат Худоназаров аз он изҳори хушнудӣ кард, ки Далер Назаров ба матни сурудҳо диққти вижа дорад ва дар ин консерт шеъри шоири барҷастаи тоҷик Лоиқ Шералӣ,-"Тоҷикистони азизам, сарзамини камзамин"-ро сароид.

"Ин шеър ба ман бисёр таъсирбахш аст ва ба тамоми маънояш бароям азиз аст. Ман аз Далер хоҳиш кардам, ки ин шеъри шоири нотакрори тоҷик Лоиқ Шералиро ба мусиқӣ дарорад. Худи Далер ба матни суруд диққати вижа дорад ва офаринаш бод. Ман мехостам, ки ӯ аз эҷодияти Лоиқ Шералӣ бештар сарояд, то тоҷикон бидоданд, ки онҳо ситораи бузург доштанд",-гуфт Давлат Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мавзуъ

Баҳси Давлат Худоназаров дар бораи тоҷик ё помирӣ, вуруди русҳо ба Хоруғу тағйири касб
"Ман тоҷикам, тоҷики помириам": Давлат Худоназаров 75-сола шуд
Давлат Худоназаров дар ҷашнвораи киноҳои мусалмонӣ дар Қазон иштирок мекунад

Мавзӯъҳои асосӣ