Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Генерали қирғиз: баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баъди пошхӯрии СССР сар шуданд

© © Sputnik / Табылды КадырбековГенерал-майор Шейшенбек Байзаков
Генерал-майор Шейшенбек Байзаков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-майоли Қирғизистон Шейшенбек Байзоқов дар бораи баҳсҳои марзии Тоҷикиситону Қирғизистон гуфт

Ба гуфтаи Байзоқов, баҳсҳои обиву марзии Тоҷикистон аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуданд. 

 

Генерал-майор: ситуация на границе Кыргызстана с РТ не меняется уже 25 лет

 

"Нишонагузории марзҳо то ҳол ба анҷом нарасидааст. Он ҷо се деҳае ҷой гирифтааст, ки мисолаш дар ҷаҳон нест. Дар як кӯча аз тарафи дасти рост тоҷикон ва аз тарафи дасти чап қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тавр, аз як тараф ҳудуди Тоҷикистон ва аз тарафи дигар ҳудуди Қирғизистон аст. Як кӯча аст. Чигуна онро метавон тақсим кард? Боре кӯдакон санг мепартоянд ва шифири яке аз манзилҳо мешиканд. Бо ҳамин сабаб байни ду миллат ҷанҷол сар мезанад. Ман шахсан ба ҷойи ҳодиса рафта, ба сокинон фаҳмонида будам, ки кӯдакон ҳангоми бозӣ ногаҳон санг партофтаанд", -гуфтааст генерал ба Sputnik Қирғизистон.

Вай таъкид мекунад, ки ҳамааш аз бунёди пулҳои дӯстӣ вобаста аст. Агар пештар байни ҷумҳуриҳо 16 гузаргоҳ буд, ҳоло 5-тои он мондааст.

Байзоқов афзуд, ки дар аланга додани баҳсҳо ҷониби сеюм, ки ба тиҷорати нашъа машғуланд, манфиатдоранд.

 

Тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш аломатгузорӣ шудааст. Қисме аз ҳудудҳои сарҳадӣ то ҳол муайян нашудаанд, ки боиси танишҳои марзӣ мешаванд.

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

Лентаи хабарҳо
0