00:30 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15

Роҳи гурез?: шаҳрвандони Тоҷикистон бо бастани шартнома метавонанд дар Русия хизмат кунанд

© Sputnik / Aleksandr Kondratuk
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
1071 0 0

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо бастани шартнома метавонанд хизмат кунанд. Мӯҳлати хизмат ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия 3 солро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, онҳодар ватан даъват намешаванд

Сергей Кривенко, коршиноси рус дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чаро шаҳрвандони Тоҷикистон мехоҳанд дар Русия хизмат кунанд.

Байни Тоҷикистон ва Русия шартномаи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ баста шудааст, қайд кард коршинос.

"Дар ҳолати баста шудани шартномаи мазкур хизмат дар артиши Тоҷикистон чун хизмат дар артиши Русия қабул мешавад ва баръакс. Хизмат дар артиши Русия чун хизмат дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад", - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи Кривенко шаҳрвандони хориҷӣ бо бастани шартнома метавонанд дар артиши Русия хизмат кунанд.

"Шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия меояд, шартнома мебанада ва се сол аз хизмати ҳарбӣ мегузаранд. Дар ин ҳол, онҳоро дар ватан ба хизмат даъват намекунанд. Ба фикри ман, ин роҳи гурез аз хизмат нест, балки ҳукуматҳои ду кишвар чунин имкониятро фароҳам овардаанд", - таъкид кард ӯ.

Мавзӯъҳои асосӣ