20:06 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирон дар Маскав дар моҳи декабри соли 2017

Оё мурдаҳо суханони зиндаҳоро мешунаванд? посухи Шӯрои уламо

акс аз сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
175510

Як нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Шӯҳрат ба Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи қобилияти шунавоии мурдаҳо ва мадад талбидан аз "Абулқодири Гелонӣ" суол кардааст

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон дар сомонаи Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои шаҳрвандон посух гуфтааст.

Дар ин росто, як нафар бо номи Шуҳрат суол кардааст, ки оё мурдагон суханони зиндагонро мустақим мешунаванд, яъне қобилияти шунидан доранд? Оё мурдагон метавонанд сайри олами зиндагон кунанд?

Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, "бародари азиз, мурдагон суханони зиндагонро мешунаванд ва Худованд қобилияти шуниданро дар онҳо халқ мекунад.  Рўҳи мурдагон дар олами зиндагон сайр мекунанд".

Аллоҳ куҷосту чаро нисоби закот бо ҳисоби Бонки миллӣ мувофиқ нест? суолҳо аз Шӯрои уламо

Шаҳрванд боз як суоли дигар бобати талбидани дуо кардааст. "Оё дар дуо гуфтани “ё Абдулқодири Гелонӣ мадад” ва ё ин ки “ё шайх мадад” ҷоиз аст",-суол гузоштааст Шуҳрат.

"Агар рӯза гирам, кор наметавонам": маслиҳати Шӯрои уламо ба муҳоҷири қарздори тоҷик

Шӯрои уламо ба ин суол чунин посух додааст: "Дар дуо васила ба пайғамбарон ва солеҳин ҷоиз аст, на мадад хостан ва дар ин маврид уламо дидгоҳҳои мухталиф доранд".

Мавзӯъҳои асосӣ