Руҳонӣ: бомбборон кунанд ҳам, Эрон таслим намешавад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото
Президент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Авзоъи атрофи Эрон пас аз тақвият додани ҳузури низомии Амрико дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тезу тунд шуд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Эрон таслим намешавад, ҳатто агар бомбборонамон кунанд, изҳор дошт раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ. 

"Имрӯз мо бояд устувор бошем, душманон бояд дарк кунанд, ки дар дилҳои мо ноумедӣ ҷой надорад",-гуфт Руҳонӣ ва афзуд, ки ҳатто агар Эронро бомбборон кунанд ҳам, эрониҳо аз ҳадафҳои худ-(истиқлол ва бузургӣ) пайгирӣ хоҳанд кард.

Мухаммед Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавод Зариф: ҷанг бо Эрон барои ИМА баробари худкушист

Суханони раисиҷумҳур дар хадамоти матбуотиаш нашр шудааст.

Ба гуфти Руҳонӣ, имрӯз кишвар бо ҷанги иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, ки ҳадафи он ҳамла ба созгории ҷомеа аст.

Ҳукумати Эрон борҳо ИМА-ро ба ҳуҷуми иқтисодӣ ба Эрон айбдор карда, онро "ҷанг" унвон карда буд.

Ҷон Болтон, мушовири президенти Амрико оид ба амнияти миллӣ ҳафтаи гузашта эълон кард, ки ИМА гуруҳи зарбазани ҳавоии “Авраам Линколн” ва гуруҳи тирандозҳои фавриро ба соҳилҳои Эрон раҳсипор кардааст. Ба гуфтаи ӯ "ин як ҳушдорӣ ба Эрон аст. Ва ҳар як ихтилофи Эронро нисбати манфиатҳои Амрико зарбаҳои шадиди ҷавобӣ интизор хоҳад буд”.

Ҷавод Зариф: ҷанг бо Эрон барои ИМА баробари худкушист

Ёдовар мешавем, ки низоъҳои зенрин баъди эълоне аз ҷониби мақомоти Эрон дар бораи “тасмими иҷро накардани баъзе уҳдадориҳо” дар доираи созишнома дар бораи барномаи ядроӣ, сар заданд.

Эрон ба ҳар як ҳаракати Амрико ҷавобҳои ҷиддӣ ваъда кардааст

Роҳбари Эрон Ҳасан Руҳонӣ, низ эълон карда буд, ки ба кишварҳои Аврупо барои барпо намудани гуфтушунидҳо 60 рӯз муҳлат медиҳад. Маълумотҳои дахлдор ба Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия низ пешкаш карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0