Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Коршинос: таниши марзии Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш намеёбад, аммо он бояд ҳал шавад

© Владимир Трефилов, МИА "Россия сегодня"Никита Мендкович
Никита Мендкович - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси Шӯрои Русия оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ Никита Мендкович афзуд, ки роҳи ягонаи ба эътидол овардани вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин доир намудани гуфтушуниди билфосила дар масъалаи аломатгузории марз аст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон  ба чизи дигаре мубаддал нахоҳад шуд, аммо ихтилофоти мавҷударо бояд сари вақт ҳал намуд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо истинод ба гуфтаҳои Мендкович.

"Ман бар ин боврам, ки муноқишаи феълӣ ба чизи дигари баландтар мубаддал намеёбад, зеро чунин таниш маротибаи нахуст дар марзи ин ду кишвар  рух надода, чандбораҳо чунин  як ихтилоф миёни сокинон ба амал омада буд. Сокинони ин ду манотиқ барои марзе, ки аломатгузорӣ нашудааст, пайваста вориди даргир мешаванд, ки муттассифона дар пай талафоти ҷонӣ ҳам меорад. Ягона роҳи ҳали ин вазъ баргузор намудани гуфтушунидҳои билфосила оид ба аломатгузории хати сарҳад ба ҳисоб меравад",- изҳор намудаст коршиноси рус.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворухро вазнин арзёбӣ кард
Мендкович зикр намуд, ки қаблан Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи аломатгузории сарҳад бо Ҷумҳурии Узбакистон ба мушилиҳои ҷиддӣ рубарӯ шуданд, вале Узбакистон тавонист бо пиёда намудани иродаи сиёсӣ ин мушкилиро бо ҳамсоя кишварҳои худ бартараф созад.

Тирпарронии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ин амалкарди Узбакистон барои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун намуна бояд истифода бурда шавад, зикр намудааст Никита Мендкович

Ёдовар мешавем, ки рузи душанбе дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрд миёни сокинони Ворух ва Оқсой сар зад, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида наздики 16 тани дигар  сахт маҷрӯҳ шуданд.

Навори тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - 5 видео

Лентаи хабарҳо
0