Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ваъдаи Жээнбеков ба сокинони наздимарзӣ: мушкилатонро ҳал мекунем

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон сарони ду кишвар ба Исфара раҳсипоранд. Мулоқоти президентҳо фардо дар Чолпон-Оте идома хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков бо сокинони наздимарзии ду кишвар дидору мулоқот карданд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар марз

Сарони ду давлат муҳиммияти нигоҳдории сулҳу осоиштагӣ ва дӯстии чандинасраи миёни халқи ду кишварро таъкид карда, барои аз байн бурдани мушкилоти сокинони наздимарзӣ изҳори омодагӣ кардаанд.

Ҷаласаи махсуси марзии Жээнбеков ва гузориши котиби Шӯрои амният: 2 президент фаъол шуданд

Сооронбой Жээнбеков гуфтааст, ки Қирғизистон муносиботи бародарона бо Тоҷикистонро қадр мекунад.

"Мо шароити зисти сокинони кишварамонро дар ноҳияҳои марзӣ хуб медонем, аз ҳамаи мушкилоти онҳо огоҳем ва тамоми чораҳоро хоҳем дид, то мардуми маҳаллӣ мушкил надошта бошанд. Мехоҳем марзҳои худро ба дарвозаҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамсоядорӣ табдил диҳем. Ман бар инам, ки мушкилоти ҳанлношуданӣ нест", - қайд кардааст Жээнбеков.

Мазору бозорамон як аст: Жээнбеков дар Бодканд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон меояд

Сарони кишварҳо ба Исфара раҳсипор шудаанду, он ҷо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, ба масъалаи аломатгузорӣ дар марз низ, дахолат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0