15:00 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Эмблема саммита ШОС

Бахтиёр Ҳакимов: чандин кишвар барои узвият ба СҲШ дархост карданд

© Sputnik / Григорий Сысоев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
14510

Имрӯз ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) чандин кишвар дархост равон карда, мехоҳанд дар шаклҳои гуногун дар фаъолияти ин созмон ҳамкорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Исроил, Бангладеш Баҳрайн ва арабистони Саудӣ барои узвият ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дархост равон намуданд, иттилоъ додааст намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия доир ба масоили СҲШ Бахтиёр Ҳакимов.

Пешниҳоди Раҳмон ба СҲШ: ташкили маркази ягонаи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир

“Имрӯз ба созмони СҲШ Исроил, Бангладеш, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ ва диагр кишварҳо, ки мехоҳанд дар шаклҳои гуногун дар фаъолияти созмон ҳамроҳ шаванд”, - гуфт вай.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Ҳакимов гуфта буд, ки Афғонистон метавонад ҳамчун номазад ба узвияти ин созмон қабул гардад, аммо ин кишвар ба далели вазъи номуътадил наметавонад ин корро анҷом диҳад.

Вай таъкид дошт, баъд аз фароҳам омадани шароит Афғонистон метавонад ба ин созмон бипайвандад.

Тоҷикистон дар 5 моҳ бо СҲШ ба арзиши беш аз $1 млрд. гардиши мол анҷом додааст

Ёдрас мешавем, ки СҲШ – ҳамчун созмони байналмилалӣ соли 2001 бо ташаббуси Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон асос дода шуд.

Сарони кишварҳои СҲШ 9 июни соли 2017 қарорери қабули  Ҳиндустон ва Покистон ба ин созмонро ба имзо расониданд. Айни ҳол ба ҳайси кишварҳои нозири ин созмон  Афғонистон, Беларус, Эрон ва Манголия мебошанд. Ба ҳайси кишварҳои ҳамкори ин созмон Озорбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шинохта шудаанд.

Барчаспҳо:
дархост, узвият, Афғонистон, СҲШ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ