Нархи зебоӣ: духтари тоҷик барои ҳуснаш чӣ қадар пул сарф мекунад?

Обуна шудан
Бонувонро ҷинси латифу заиф мегӯянд, ки мехоҳанд пайваста зебо ва тамиз бошанд. Занону духтарони тоҷик низ ба мисли дигар бонувон зебогиро дӯст медоранд ва талош мекунанд то хостаҳояшонро бо имкониятҳои воқеии молиявии худ як кунанд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Духтарони тоҷик ба мисли ҳамаи духтарони ҷаҳон мехоҳанд пайваста зебо ва оро бошанд. Ҳарчанд вазъи молии занону духтарони ин минтақа костатар аст, вале ба ҳар сурат онҳо кӯшиш мекунанд, дар зебогӣ ва оро додани худ аз дигарон ақиб намонанд.

Девушки в национальной одежде Хатлонской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Эълон дар бораи оғози озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам – 2019”

Ягона мушкили бонувони тоҷик ин норасоии маблағ аз ҳисоби паст будани маош дар Тоҷикистон аст. Зеро дар ин минтақа маоши ҳадди ақал аз 800 то 1200 сомонӣ мебошад.

Бо дарназардошти хароҷот барои ғизою пӯшок, роҳпуливу маблағи интернет ва дигар масрафоти рузгор қариб барои бонувон маблағе барои орову зебо намудани худ намемонад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳам занон ва духтарони тоҷик ҳамеша зебо ва тамиз  ҳастанд.

Маъмулан духтарон бояд либосу атриёт, рангу бори руй ва нохуни худро пайваста ба тартиб оранд.

Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, муайян созад, ки чигуна ба духтарони тоҷик муяссар мешавад, бо маоши ночизу пасти худ, ҳамеша зебо ва хушнамуд бошанд.

Қиммати зебогии занони тоҷик чанд аст?

Сарфи назар аз он, ки занони тоҷик бояд хоксору табиӣ бошанд, вале стандартҳои муосири зебоӣ қоидаҳои худро талқин мекунанд, ки бонувон бояд пайваста зебо ва муассир бошанд.

Перуанская Рапунцель - Sputnik Тоҷикистон
Зулфи дароз-зебогии духтарро дучанд мекунад: пешниҳод ба рекорди Гиннес - видео

Хусусан вақте ҷавондухтари тоҷик дар арафаи туй қарор дошта бошад, зеро  садҳо чашми дӯстону ҳасудон ба тарафи ӯ равона аст ва зебогии ӯро баҳогузорӣ мекунанд.

Маъмулан зебосанамҳои зиёдеро метавон ҳамарӯза дар роҳравҳо  мушоҳида кард, ки бисёр қашангу зебо менамоянд, аммо кам нафароне медонанд, ки барои чунин зебоӣ онҳо чӣ миқдор маблағ ва вақтро масраф мекунанд.

Танҳо як маротиба ба кошонаи ҳусн рафтани бонувон  маблағи ҳангуфтро мехоҳад. Барои мисол: паст намудани муйи сар ва оро додани он (50-100 сомонӣ), ороиши нохунҳои дасту пой (100-200сомонӣ), мижгон мондан (150 сомонӣ), тоза кардани руй ва ба тартиб даровардани қош (150-170 сомонӣ) масраф мешавад.

"Дар Тоҷикистон қаблан ҳамаи ин усулҳои зебогӣ барои занон он қадар роиҷ набуданд ва кам нафароне ёфт мешуданд, ки ба хотири зебо шудан ва бо истифода намудани ҳамаи ин усулҳо, маблағҳои зиёдро сарф кунанд. Барои мисол тағйир додани андозаи лаб, ҳамвор кардани ожангҳои руй ва дигар усулҳо, тақрибан 1200 сомонӣ ва ё аз ин ҳам бештар маблағ талаб мекунад", - бо табассум изҳор дошт Фарида як сокини Душанбе.

Ӯ мегӯяд, барои ҳамаи ин масрафот пешакӣ маблағ пасандоз мекунад ва барои харҷи рӯзгор кӯшиш мекунад, ки сарфакор бошад, то каме маблағ барои оро додани муй ва руйи ӯ боқӣ монад.

"Ман метавонам пули роҳкироямро сарф накарда аз хона то ҷойи кор пиёда равам. Маблағи ҷамъшударо пасон метавонам барои зебогии худ сарф кунам", - гуфт сокини шаҳр.

Дилором як сокини дигари Душанбе низ мегӯяд, барои масрафоти зебогии худ пешакӣ пул ҷамъ мекунад.

"Чанд рӯз пеш назди як дугонаам дар хонаи худаш мижа мондам, ки бароям на он қадар гарон афтод. Хизматрасонии ороишгарони ҳусн дар хона ба фарқ аз кошона бисёр арзон аст ва аз ҷиҳати сифат ҳам фарқе надорад", - мегӯяд ӯ.

Дилором соҳиби се фарзанд аст ва шавҳари ҳалиме дорад, ки тамоми масрафоти зебогии ӯро бе чуну чаро пардохт мекунад.

Куртаҳои шоҳона

Маъмулан дар остонаи ид ва маросими издивоҷ барои хариди либоси идона маблағи  бисёр масраф мешавад. Агар ҳамаи идҳои давлатӣ ва миллӣ, илова бар ин солрӯзҳо ва туйҳоро ҳисоб кунем, пас барои бонувони тоҷик лозим аст, ки дар 300 рӯзи сол барои худ либосҳои нав ба навро омода кунад.

Таджикский модельер Хуршед Сатторов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хуршед Сатторов пироҳанҳои навашро дар Бухоро намоиш медиҳад

Агар солҳои қабл наварӯсон, ороиши муй ва руйяшонро ё худ ва ё дугонаҳояшон анҷом медоданд, ҳоло бошад аксар духтарон аз хизматрасонии машшота (ороишгар) истифода мебаранд, ки қариб нисфи маош ҳақмузди онҳо мешавад.

Заррина як наварӯс аз Душанбе мегӯяд, ки қабл аз туй аз хешонаш дархост намудаст, ки барои ӯ ҳамчун тӯҳфа пул биоранд, то тавонад барои ороиши ҳусни худ машшотаи ҳирфаиро даъват кунад.

Гузашта аз ин нархи тарроҳони чеҳрадаст низ андак набуда барои тайёр кардани як либоси тоҷикона бо зардӯзӣ анқариб 1000 сомонӣ дастмузд мегиранд.

Аммо бояд гуфт, ки на ҳамаи бонувони тоҷик,  имкону шароити хуберо доранд, ки аз хизматрасонии ороишгарону тарроҳони ҳирфаӣ истифода баранд. Маъмулан ба хизматгузории онҳо аксаран  бонувони шаҳрнишин муроҷиат мекунанд.

Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоту костагии рӯзғор, занони тоҷик ҳамоно зебову боиффат буданд ҳастанд ва хоҳанд монд!.

Лентаи хабарҳо
0