06:47 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Пресс-секретарь представительства Министерства труда и занятости населения Таджикистана в России Ибрагим Ахмадов

Аҳмадов ба соҳибкори тоҷик аҳсан гуфту, муҳоҷирзанони тоҷикро маломат кард

© Sputnik Владимир Трефилов
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
400 0 0

Иброҳим Аҳмадов сухангӯйи Вазорати муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба як соҳибкори тоҷик изҳори миннатдорӣ намудаст, ки ҳамватани худро дар душвортарин ҳолат танҳо нагузошта, дасти имдод сӯяш дароз намудаст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сухангӯйи вазорати муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав, дар саҳифаи фейсбукии худ аз корнамоии соҳибкори тоҷик ситоиш намуда, ба ӯ арзи сипос намудаст.

Ба гуфтаи Аҳмадов, ҳафтаи гузашта ба дафтари онҳо муҳоҷирзани тоҷик бо фарзанди 4 -  солаааш муроҷиат намуда, аз онҳо дархости кӯмак кардаст.

"Муҳоҷирзан Умеда ном дошта бо фарзанди хурдсолаш дар Русия бе ҷойи зист мондааст.Ӯ чанд сол қабл  бо як муҳоҷир аз кишвари ҳамсоя оилаи шаҳрвандӣ барпо карда дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Бинобар сабабҳои оилавӣ шавҳар Умедаро бо духтарчаи 4 моҳааш ба дасти тақдир ҳавола дода, партофта меравад", - мегӯяд иброҳим Аҳмадов.

Зимнан намояндагони вазорати мазкур барои расидагӣ намудан ба мушкили муҳоҷирзан ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, муроҷиат намуданд.

Ба дархости Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ  як соҳибкори тоҷик аз шаҳри Бохтар посух дода, изҳори кумак кардаст, мегӯяд Аҳмадов.

Номбурда бо ҳамсараш,  Умеда ва кӯдакашро  бо сару либоси нав, ғизо ва ҷойи хоб таъмин карданд, ҳамчунин ин соҳибкор ваъда додаст, ки дар фурсати кӯтоҳ масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани Умедаро низ ҳал мекунад.

Зимнан сухангӯйи вазорат ба бонувони муҳоҷири тоҷик муроҷиат карда гуфтааст, ки қабл аз издивоҷ  бо мардони бемасъулият, андеша кунанд, оё ҳаваси ишқу муҳаббат ба як қатра оби дидаи фарзанд ва саргардонии тифли бегуноҳ меарзад ё на?!.

Мавзӯъҳои асосӣ