“Талоқ бо паёмак” – таҳдид барои занони мусалмон

© © Sputnik/ Владимир ВяткинНевеста, архивное фото
Невеста, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мушкилии талоқ тариқи паёмак дар бисёр кишварҳои Осиёи Миёна мавриди баррасии на танҳо руҳониён, балки фаъолони ҷамъиятӣ низ қарор гирифтааст. Масалан дар Тоҷикистон кам нестанд заноне, ки аз шавҳарҳояшон ба воситаи телефон талоқ мегиранд ва дар нимароҳ мемонанд

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Дар ҷомеаҳои мусалмонӣ бар зидди “талоқ ба воситаи паёмак” муборизаҳо баҳри поин бурдани ин амли номатлуб оғоз шудааст.

Церемония бракосочетания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Издивоҷ каму талоқ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Талоқ – ин калимаест, ки бо ифода шуданаш аз ҷониби мард мувофиқи қавонини шариат никоҳро бекор мекунад. Ин доғи рӯз на танҳо мушкилии кишварҳое гаштааст, ки ақалияти шаҳрвандонаш  мусалмон аст, балки барои Русия низ ҳамчун мушкили арзёбӣ мешавад.

Паёмакҳои хурд, ки дар онҳо калимаи “талоқ” ҷой дорад ҳаёти оилавии зиёд одамонро вайрон кардаанд ва чигуна занон бояд рафтор кунанд, то ки ба чунин мушкилӣ гирифтор нашаванд. Дар ин бораи РИА Новости маълумот пешниҳод мекунад.

Паёмак фиристоду бедарак шуд

Пешрафти технологияи замонавӣ ба ҳаёти динии инсон таъсири худро мерасонад. Агар дар аввал ҷудошавии ҳамсарон бо истифода аз калимаи талоқ аз ҷониби мард ва дар миёни хешу ақрабои тарафҳо ва ё ҳади ақал дар шоҳидии на кам аз ду нафар сурат мегирифт, ҳоло бошад барои баъзеҳо хело осон ва ҳатто ба воситаи паёмак амалӣ мегардад.

Имам казанской мечети «Бишбалта» Шавкят Абубекеров  - Sputnik Тоҷикистон
Имомхатиб талоқ тариқи смс-ро "бетартибӣ" хонд

Масалан зодаи Уфа – Оиша Нур, ки ба Англия ба назди шавҳараш рафта буд аз ӯ паёмаке бо такрори калимаи талоқ 3 маротиба, гирифт. Шавҳараш дар сафари хидматӣ будааст ва ба занаш сабабро шарҳ надода будааст.

Оиша барои шарҳи ин масъала ба назди имом рафтааст то ки нисбати ин рафтори шавҳараш ҷавоби аниқе пайдо кунад. Шавҳараш пурра талоқашро тасдиқ кардааст барои ҳамин аз рӯи қавонини шариат талоқ тасдиқ шуда ҳисобида мешавад. Қонунҳои  Бритониёи ҳукмҳои додгоҳҳоии мусалмониро тасдиқ мекунанд.

Дар Русия, ки дар ҳудуди он зиёда аз 20 миллион мусалмон зиндагӣ мекунад чунин талоқҳо ба назар мерасанд, аммо қавонини ин кишвар никоҳҳои динӣ ва ё шариатиро тасдиқ намекунанд.

Истиқоматкунадаи шаҳри Костовои вилояти Нижний Новгород Зулфия Собирова (номаш бо хоҳиши ӯ иваз шудааст) сараввал никоҳ карда баъдан ба идораи САҲШ рафта ақди никоҳ бастааст. Аммо баъди чанд моҳ шавҳари ӯ ба таври ногаҳонӣ ба вай талоқ дода аз хона баромада рафт ва дигар бар нагаштааст.

“Вақте, ки ӯ аз хона берун мешуд як маротиба талоқ дод. Баъдан занг зада ба воситаи телефон ин калимаро ду маротибаи дигар такрор кардааст. Ман бошам он вақт ҳомиладор будам”, - мегуяд Зулфия.

Онҳо аз рӯи қонун то ҳол дар қайди никоҳ мебошанд, аммо Зулфия чизе карда наметавонад. Танҳо ба худотарсии шавҳар ва далели шаръии имом умед бастаасту халос. Чунки барои баъзе мусалмонҳо хулосаи имом қонун ҳисоб мешавад.

Занҳо воситаҳои ҳимоя аз паёмакҳоро пайдо кардаанд

“Ҷудошавиҳои яклаҳзаина” - бемулоҳиза дар зиёда аз 20 кишвари мусалмони инкор шудаанд. Чанде пеш дар Ҳиндустон, ки 14 фоизи аҳолиаш мусалмон аст тарафдорони дини ислом қонуне қабул карданд, ки чунин шакли ҷудошавиро рад мекунад. Мувофиқи ин қонун барои талоқ ба воситаи паёмак мардро ҷаримаи калон ва ё ба муҳлати се сол маҳрум аз озодӣ  интизор аст.

Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тарси муҳоҷири тоҷик аз воқеъ шудани талоқ : "нияти ман тарсонидани ҳамсарам буд"

Ин масъала аз кишварҳои Осиёи Миёна низ сахт зери омӯзиш қарор гирифтаааст. Масалан, роҳбарияти руҳониёни Тоҷикистон бо нигарони аз он, ки дар кишвар соли гузашта 11 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст мехоҳанд талоқ тариқи паёмакро инкор кунанд.

Аз сабабҳои пасти будани вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна бисёр мардони ин минтақа ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, махсусан ба Русия. Ва гоҳо дар онҷо оила барпо мекунанд.

Масалан сокини Санкт-Петербург Людмила Кузнетсова барои шавҳараш шуда дини исломро қабул кардааст. Мард ӯро бовар кунонидааст, ки ӯ дар зодгоҳаш Тоҷикистон оиладор нест, Людмила бошад бо ӯ никоҳи мусалмонӣ кардааст.

“Чанде пас маълум гардид, ки ӯ оиладор ва соҳиби фарзандон будааст, модараш бошад мухолифи оиладории мост. Алакай 8 моҳ мо зиндагии умумӣ надорем, ва мехоҳам фаҳмам, ки никоҳ барқарор аст ё не”, - мегуяд Людмила.

Мувофиқи қавонини ислом талоқ танҳо мард дода метавонад. Аммо шавҳари Людмила ин корро кардан намехостааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аввал пул, баъд талоқ: дар Суғд корманди додгоҳ дастгир шуд

Фиреби мардон дар бисёр ҳолатҳо сабабгори талаби талоқ аз ҷониби занон мегардад. Қозикалони шаҳри Қазон Булат Мубораков тасдиқ мекунад, ки дар Татаристон мардҳо кам ҳолат талаби ҷудошавӣ мекунанд.

“Мешавад ба назди ман меоянд ва мепурсанд, қозӣ чигуна ҷудо шавем. Баъзеҳо намехоҳанд зани дуюм бошанд, ба шавҳар мебароянд ва баъдан норозигӣ баён мекунанд, ки намехоҳанд ҳамчун маъшуқа зиндагӣ кунанд. Мешавад мардон аз гузаштаи худ пинҳон мекунанд ва дар ин гуна ҳолатҳо занон хурсанд мешаванд, ки ҳатто ба воситаи паёмак талоқ мегиранд, аммо мардон қасдан ба онҳо талоқ намедиҳанд”, - тавзеҳ медиҳад вай.

Аммо қозӣ бар он аст, ки тартиботи ҳимояи занон вуҷуд дорад. Агар никоҳ дар хонаи САҲШ ба қайд ва ё бекор шуда бошад аз рӯи шариат як баробар оснтар аст.

“Агар додгоҳ қарор дар бораи бекор кардани ақди никоҳ барорад никоҳ аз замони имзо гузоштани тарафҳо дар зери он бекор дониста мешавад ва ин аз рӯи шариат ҳисоб мешавад”, - мегуяд ӯ.

Талоқ – амали хело нозук аст

Қавонини шариат ҳама ҷанбаҳои ҳаётии инсонро муайян кардаанд, аз ҷумла талоқ ва марҳилаҳои онро. Аммо ҳар як ҳолати алоҳидаро бояд имом ва ё муфтӣ бояд шарҳ диҳад.

Девушка с мобильным телефоном - Sputnik Тоҷикистон
Талоқ барои сӯҳбат бо ҳамсари дугона ё чаро оилаҳои тоҷик пош мехӯранд?

“Масоили талоқ ҳар яке дорои нозукиҳои худ ва омӯзишро талаб мекунанд. Вақте, ки мард паёмак мефиристад ва ӯ медонад, ки чӣ кор кардаистодааст ин талоқ ҳисоб мешавад. Аммо агар ин амал дар ҳолати бехудӣ рух дода шуда бошад баъзеҳо бар онанд, ки  талоқ ҳисоб намешавад”, - мегуяд муфтии Маскав Илдар Аловудинов.

Мешавад, ки аз сабаби як муноқишае дар заминаи рашк оилаҳо барҳам мехуранд.

“Дар аввал ҷангу хархаша гапҳои қабеҳ нисбати якдигар. Баъдан мард ба воситаи паёмак ба зан талоқ мефиристад, то ки зан ранҷ кашад”, - мегуяд муфтӣ.

Зодаи Қирғизистон Илёс (ном иваз шудааст) боре ҳамсарашро бо ҳамкоронаш рашк карда дар ҳолати мастӣ ба ӯ паёмаки талоқ фиристодааст. Занаш чизҳояшро ҷамъ карда ба хонаи модараш рафтааст.

“Саҳар ман аз кардаам хело пушаймон шудам: кадом шайтон маро ба ин кор водор кард”, - иқрор мешавад Илёс.

Вай чӣ кор карданашро надониста ба назди муфтӣ рафтааст. Муфти гуфтааст ту мастӣ шароб будӣ ва никоҳ бурида намешавад ва пешниҳод кардааст, ки дар ҳол бо завҷааш оштӣ кунад ва ҳамин тавр ҳам шудааст.

“Ақидаҳо дар бораи чӣ гуна бояд талоқ дод зиёданд. Аммо агар ҷавҳари асосиро гуем ин кор бояд дар рӯзҳое рух диҳад, ки зан дар ҳолати ҳайз набошад ва баъди он бо шавҳараш ҳамхоба нашуда бошад. Чизи дигар ин будани ду шоҳид аст, аммо ин чиз ҳатмӣ нест. Ғайр аз ин мард бояд чӣ кор карданашро донад ва ибораи талоқ доданро дар шакли замони гузаштаи феълӣ ифода кунад: “Ман туро талоқ додам”. Ин бисёр масъалаи нозук аст”, - қайд мекунад муфтӣ Аловудинов.

Давои талоқ 

Омор дар бораи талоқ ба воситаи паёмак дар ҷомеаи мусалмонии Русия мавҷуд нест. Аммо ба гуфтаи Аловудинов дар Маскав ин ҳисобот аз 3 як ҳисаро ташкил мекунад.

Узбекские женщины беседуют на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба занони узбакистонӣ ҳуқуқи баъди талоқ дар хонаи шавҳар монданро доданд

“Мо болои системаи ба қайдгирии ақди никоҳ ва ҷудошавии оилаҳое, ки дар асоси шартҳои шариат амалӣ шудаанд кор кардаистодаем”, - илова кард муфтӣ.

Гуфтагӣ барин аз рӯи мушоҳидаҳои муфтӣ талоқ ба воситаи паёмак ва ё дар як лаҳза бе таҳамул аз ҷониби мусалмонҳое, ки аз рӯи гуфтаҳои ислом амал мекунанд ба назар намерасанд. Ин гуна амалҳоро мардҳои ба ном мусалмон ба ҷо меоранд.

“Дар ислом меъёрҳои оиладорӣ зиёданд, ки бояд риоя шаванд ва ин махсусиятҳои олами оиладорӣ дар ислом аст. Гоҳо дар оила мушкилиҳо дар ҳолати фаҳмишҳои гуногуни динии ҳамсарон ба миён меояд”, қайд кардааст муфтӣ.

Давои асосии дури аз талоқро муфтӣ аз дурст барпо намудани оила дида дар мувофиқатӣ ва мутаносибии ҳамсарон мебинад.

Лентаи хабарҳо
0