01:33 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Член ассоциации группы антитеррора Альфа, подполковник запаса Андрей Попов

Коршинос Попов мақсади ҳамлаи ҷангҷӯён ба дидбонгоҳи “Ишқобод”-ро тавзеҳ дод

Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
2670 0 0

Андрей Попов, коршиноси низомӣ ва аъзои Ассосиатсияи гурӯҳи зидди террористии “Алфа” гуфт, мақсад аз ҳамалаи террористон ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар чӣ буд

Худи дидбонгоҳ дар 60 километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон дар роҳи мошингард ҷойгир аст, ки Тоҷикистону Узбакистонро бо ҳам мепайвандад. Аммо ин минтақа 300 километр дур аз марзи Афғонистон аст, таъкид кард коршиноси низомӣ Андрей Попов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба ҳамин хотир коршинос суол медиҳад, ки чӣ тавр ин гурӯҳ бо чанд мошин  роҳи тӯлониро тай карда, ба дидбонгоҳ ҳамла намуданд. Вай илова кард, ки ин суол метавонад дар сатҳти давлатӣ миёни ду кишвар низ матраҳ шавад.

“Мақсади ҳамла маълум аст, ин ноором сохтани вазъ ва нигоҳдории вазъи муташаниҷ дар Тоҷикистон мебошад”, - қайд кард Попов.

Коршиноси низомӣ илова кард, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳузур дорад ва ин пойгоҳ борҳо зери ҳамла қарор гирифтааст. Ин пойгоҳ инчунин барои пешгирии гузаштани ҷангҷӯёни ДОИШ аз қаламрави Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Попов гуфт минтақаҳои муҳими марзи Тоҷикистону Афғонистон мустаҳкам карда шудааст.

Ба гуфтаи коршиноси низомӣ, мақсади асосии ҳамлаи ҷангҷӯён ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ин ноором сохтани вазъ дар Узбакистону Тоҷикистон мебошад.

“Аз натиҷаи ин ҳамла, метавон гуфт, ки ин амалиёти санҷиши нирӯ буд: ҷангҷӯён мехостанд аксуламалро бубинанд. Онҳо самти ҳаракат ва роҳҳои ақабнишиниро тамрин карданд. Онҳо мушоҳида карданд, ки чӣ гуна марзбонон вокуниш нишон медиҳанд. Онҳо ҷойҳои заиф меҷӯянд. Ин омодагӣ ба ягон амали бузург аст”, - илова кард Попов.

Инчунин коршиноси низомӣ афзуд, ки мақсаде, ки ҳамеша ҷангҷӯёни ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар пеши худ мегузоранд, “ҳифзи симои худ аст, ки аз сармоягузорон маблағи бештар ба даст биёрад ва ба гурӯҳи худ тарафдорони ҷадидро ҷалб намояд”.

Ёдрас мешавем, ки ахиран ВУД хабар дод, ки шаби 6 ноябри соли 2019 соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусалаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди "Султонобод" ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд. 

дар натиҷаи дунболагирӣ ва амалӣ намудани амалиёт 15 нафар аъзои ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида шуда, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.

ВУД таъкид кард, ки зимни амалиёти муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид.

Барчаспҳо:
ҳамла, марз, Ишқобод, террористон, "Алфа"

Мавзӯъҳои асосӣ