15:00 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Эксперт общественной организации Миграция и закон Гавхар Джураева
© из личного архива Гавхар Джураевой

Гавҳар Ҷураева шарҳ дод, ки манъи интиқоли пул барои Тоҷикистон то чӣ андоза хатар дорад

Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
459 0 0

Гавҳар Ҷураева, мудири Маркази “Муҳоҷират ва қонун” дар Русия шарҳ дод, ки манъи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон барои ҷумҳурӣ чӣ паёмадҳое хоҳад дошт

Ба гуфтаи Гавҳар Ҷураева, манъи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон метавонад роҳҳои сиёҳи ғайриқонуниро фаъол созад.

“Ҳар чи бештар майдони интиқоли пул маҳдуд шавад, ҳамон қадар роҳҳои сиёҳ барои интиқоли пул пайдо мешавад. Миллионҳо муҳоҷирон ба Русия на ҳамчун сайёҳ, балки онҳо барои кор меоянд то хонаводаҳои худро нигоҳубин намоянд. Ба ҳамин хотир интиқоли пул дар зиндагии онҳо нақши муҳимро бозӣ мекунад”, - гуфт ба Sputnik Тоҷикистон , мудири Маркази “Муҳоҷират ва қонун” Гавҳар Ҷураева.

Коршинос таъкид кард, ки дар гузашта чунин ҳолат аз сари Русия ва Тоҷикистон гузашта буд.

“Манзурам роҳҳои сиёҳи интиқоли пул аст, ки то пайдо сохторҳову роҳҳои саҳеҳ фаъолият мекард. Замоне мо бо ин роҳ рафта будем. Ҳар замон роҳҳое ҷустуҷӯ мекардем, ки ба муҳоҷир барои интиқоли пул кумак расонем”, - илова кард Ҷураева.

Вай илова кард, ки муҳоҷирон метавонанд аз хизматрасониҳои баъзе аз ширкатҳо истифода намоянд. Ин ширкатҳо метавонанд бо гирифтани фоизҳои муайян ба филиалҳои худ дар  Тоҷикистон пул интиқол диҳанд.

“Таасуфовар он аст, ки мардум маҷбур мешаванд пулҳои коркардаашонро бо роҳҳои ғайриқонунӣ интиқол диҳанд”- гуфт вай.  

Барчаспҳо:
Гавҳар Ҷӯраева, ҷумҳурӣ, интиқоли пул, Русия, Русия, муҳоҷират, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ