Путин душвортарин рӯйдод дар ҳаёташро гуфт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкЕжегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми баргузории 15-умин нишасти бузурги матбуотӣ ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб дод

ДУШАНБЕ, 19 дек - Sputnik. Ҳангоми нишасти матбуотӣ президенти Русия Владимир Путин бадтарин рӯйдод дар ҳаёташро гуфт.

Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Путин: Русия аз даврони Шӯравӣ ифтихор дорад

Путин иқрор шуд, ки ҳеҷ гоҳ ҳамлаҳоро дар Беслан, Норд-Ост ва  Дубровка фаромӯш намекунад.

"Ҳодисаҳои душвортарин (дар замони роҳбари кишвар буданаш) албатта ҳамлаҳои калони террористӣ мебошанд. Ин Беслан аст, ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Ин ҳамлаи террористӣ ба Дубровка аст!" - гуфт раҳбари Русия дар посух ба саволи рӯзноманигор.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Норд-Ост 130 гаравгон кушта шуданд. Ҷангиён тамошобинон ва кормандони театрро 23 октябри соли 2002 забт карданд, амалиёти озод кардани гаравгонҳо ва нест кардани террористон танҳо 26 октябр анҷом ёфт.

Ҳамла дар Беслан 1 сентябри соли 2004, дар мактаб ҳангоми забт кардани аз ҷониби террористон, рух дод.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе раҳбари Русия Владимир Путин 15-умин нишасти матбуотии худро баргузор намуд. Чорабинӣ аз соли 2001 гузаронида мешавад.

Путин нишасти матбуотиро бо гузориш дар бораи нишондодҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оғоз мекунад ва сипас ба саволҳои журналистон посух медиҳад.

Ин дафъа, 1895 рӯзноманигор дар нишасти матбуотии Путин роҳхат гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0