20:51 28 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.65
  • RUB0.14

Коршинос: воридот бахши коркарди иқтисоди Тоҷикистонро нафасгир кардааст

Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Александ Разуваев , таҳлилгари молиявӣ ва роҳбари маркази иттилоот ва таҳқиқоти ширкати “Алпари” гуфт дар рушди бахши коркарди иқтисоди Тоҷикистон чӣ монеа шудааст

Коршиноси молияивӣ Александ Разуваев таҳлил кардааст, ки ба рушди корхонаҳои Тоҷикистон чӣ монеа шудааст.

Вай чанд ҷанбаи нуктаи муҳимро қайд кардааст. Аз ҷумла ӯ қайд намудааст, ки дар рушди корхонаҳои Тоҷикистон рақобатпазирӣ дар воридот ва фоизи қарзҳои баланд монеа шудааст.

“Воридот бахши коркарди воқеии Тоҷикистонро нафасгир кардааст. сабаб маълум аст, ин сифати пасти маҳсулот аст. бояд қайд кард, ки воридот аз ҳар тараф ба Тоҷикистон фишор овардааст. Аз тарафи Чин то Қирғизистон”,- таъкид дошт Разуваев.

Ҳамчунин вай қайд кард, ки ба иқтисоди дохилӣ афзоиши тарифҳоаз ҷумла дар соҳаи энергетика таъсири манфӣ мерасонад.

“Барои Тоҷикистон ин чандон назаррас нест, чунки бахши азими ММД кишвар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ташакуол меёбад”, - зикр кард Разуваев.

Барои бартараф намудани ин мушкилот коршинос пешниҳод намудааст, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиашро бо Эрон тақвият бахшад.

Барчаспҳо:
иқтисод, коркард, кӯмаки молиявӣ, таҳлилгар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ