23:35 07 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
25910

Мудири шӯъбаи Институти иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Хоҷамаҳмад Умаров мегӯяд, ки Тоҷикистон ба ислоҳоти бузурги иқтисодӣ ниёз дорад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси граждании Тоҷикистон ворид кадани тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ кард, ки мувофиқи он роҳбарияти коргоҳҳои давлатӣ аз дасти шахсони алоҳида ба шӯроҳои нозир мегузарад.

Умаров о необходимости экономических реформ в Таджикистане

"Ин чораҷӯиҳо натиҷае намедиҳанд, зеро кишвар ба ислоҳоти бузурги иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо ниёз дорад", - гуфт Умаров дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, пеш аз ҳама бояд дар низоми судии Тоҷикистон ислоҳоти бузург гузаронид.

"Феълан субъектҳои иқтисодӣ наметавонанд манфиатҳои худро ҳимоя кунанд. Бояд суд аз тамоми дигар институтҳои ҳукумат мустақил бошад", - мегӯяд Умаров.

Вай афзуд, пеш аз ҳама бояд ба қонунгузорӣ ислоҳот ворид кард. Барои мувофиқати дараҷаи фоизи қарзҳо дар бонк ва дараҷаи андоз чораҷӯӣ намуд.

"Феълан, аз як тараф андози баланд, аз дигар тараф дараҷаи баланди фоизҳои қарздиҳӣ боиси кам шудани пасандозҳо дар коргоҳҳо гаштааст", - мегӯяд коршинос.

Мавзӯъҳои асосӣ