00:29 08 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
185 0 0

Мутахассисони ширкати “Роскосмос” роҳе барои пинҳон кардани фаъолиятҳои маҳрамона аз диди моҳвораҳои ҷосусӣ пайдо карданд.

 ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik.  Ба гузориши Sputnik Эрон, бар асоси матолиби мунташиршуда дар сайти ширкати фазоии русӣ – “Роскосмос”, мутахассисони ин ширкат роҳе барои пинҳон кардани фаъолиятҳои маҳрамона дар Русия аз назорати моҳвораҳои ҷосусии хориҷӣ ба василаи масдуд кардани додаҳои онҳо бо истифода аз истгоҳҳои радиоии заминӣ пайдо кардаанд.

Хатар моҳвораҳои ҷосусӣ чист? Дар ин маврид Сергей Хатилев, раиси собиқи сомонаҳои зиддимушакии Русия гуфт: дар ҳоли ҳозир навъе аз моҳворҳо вуҷуд доранд, ки қодиранд тасвире бисёр бокайфият ва филмҳои ҷосусӣ таҳия ва амвоҷ радиои мухталифро дарёфт кунанд.

Технологияи модерни истифодашуда дар ин моҳвораҳо онҳоро қодир месозад, то аксҳое чунон бо вазоҳат таҳия кунанд, ки ба унвони мисол адоди пулакҳои автомобилҳоро метавон ба роҳатӣ аз ин аксҳо ташхис дод.

Ҳамчунин онҳо метавонанд интиқоли иттилоот дар маҳдудаи фрикансҳои мухталифро шунуд кунанд ва амалиёти ҷосусӣ аз таъсисоти низомӣ барои муддати замони тӯлонӣ дар фаслҳои мухталифи сол анҷом диҳанд.

Эрон суқути Боинги Украинаро бар асари зарбаи мушакӣ рад кард

Чӣ осебе метавонанд ин моҳвораҳо бизананд? Ба унвони мисол замоне, ки интиқоли додаҳои байни воҳидҳои мухталиф дар ҳоли радду бадал шудан аст, душман метавонад аз тариқи моҳвораҳои ҷосусии худ бо ҳамон фриканс иттилооти ғалатро ирсол кунад.

Фоҷиаи ахир дар Эрон мумкин аст ба ин далел бошад, ки касе сигналро раҳгирӣ карда ва сигнали сохтагӣ ва иштибоҳ ба корманди техникӣ додааст, то ӯ дар ташхис иштибоҳ ва мутафовит амал кунад.

Дар Русия истгоҳҳои радиоэлектронии заминӣ эҷод хоҳанд шуд, то сигналҳои нурӣ, модуни қирмиз (инфрасурх) ва радари моҳвораҳои ҷосусиро саркӯб кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ