Коршинос: дар ҷаҳони муосир ба ҷиҳодиҳои қишлоқӣ ҷое нест

© Фото : Из личного архиваПолитолог, ведущий эксперт российского Центра изучения современного Афганистана Андрей Серенко
Политолог, ведущий эксперт российского Центра изучения современного Афганистана Андрей Серенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси рус Андрей Серенко мегӯяд, ИМА бо нишастан ба курсии гуфтушунид бо толибон ва додани минбар ба онҳо, ба гурӯҳи радикалӣ имконият дод, ки худро чун қувваи сиёсии қонунӣ ҳис кунанд

Толибон зидди "Созишномаи аср"-и Доналд Трамп оид ба эътидол овардани танишҳои Фаластин баромаданд. Аслан вокуниши манфии онҳо ҷои тааҷҷубе надорад. Муҳим дигар чиз аст - гурӯҳи экстремистӣ бурун аз масоили афғонӣ овоз баланд мекунад.

Серенко: в мире глобализации больше нет места "сельскому" джихаду

Ба гуфтаи сиёсатшиноси рус Андрей Серенко, иштиёқи толибҳоро мавқеи Вашингтон гарм мекунад, ки онҳоро сари як миз нишондаву бо ин амалаш ҳавои ҷиҳодиҳоро баланд кардааст. Акнун гурӯҳи террористии минтақавӣ ба сатҳи нав баромадааст.

"Феълан онҳо аз сармояи сиёсӣ фаъолона истифода мебаранд, ки ба онҳо ҳамон Залмай Халилзода, намояндаи махсуси ИМА оид ба гуфтушунидҳои сулҳ додааст, ки мавқеи онҳоро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ  баланд кардааст", - тавзеҳ дод Серенко ба Sputnik Тоҷикистон.

"Ин барои онҳое, ки мегуфтанд, "Толибон" беш аз ташклоти минтақавие нест, ки аз қишлоқҳои Афғонистон берун барояд, аломати ташвишовар аст. Дар асри ҷаҳонашавӣ дигар ҳеҷгуна ҷиҳоде нест, махсусан агар эктремистҳо шартан муваффақ бошанд", - гуфт сиёсатшинос.

Ба гуфтаи Серенко, солҳои ахир гурӯҳи террористӣ доим таъкид мекунад, ки онҳо тавонистанд Вашингтонро ба гуфтушунидҳои баробар водор кунанд. Ин ба касе даст надода буд.

Лентаи хабарҳо
0