23:27 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
1463 0 0

Ҳамарӯза шумораи гирифторони вируси корона аз 10 то 15 дар сад зиёд мешавад, мегӯяд коршиноси рус Александр Лукашев

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Вируси корона ё ба истилоҳ тоҷдор то рафт ҳудудашро дар хориҷ аз Чин васеъ мекунад, мегӯяд мудири Пажӯҳишгоҳи тиббии ба номи Е.И. Мартсиновский Александр Лукашев.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи мубталоёни вирус ҳамарӯза аз 10 то 15 дар сад меафзояд. Лукашев таъкид мекунад, ки феълан муайян кардани суръати паҳншавии вирус вобаста ба иқлим ғайриимкон аст, зеро омори вижае нест.

 

Вай эҳтимол мекунад, ки имконияти вуруди вирус аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон ба Русия калон аст. Зеро, ба гуфтаи вай, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми назоратӣ номукаммал аст ва баръакс раванди муҳоҷират афзоиш меёбад.

 

Пештар гузориш дода шуд, ки Тоҷикистон зарурати бастани марзҳо ба рӯи шаҳрвандони Чинро намебинад. Мақомот мегӯянд, иқтисоди кишвар ба мутахассини чинӣ эҳтиёҷ дорад.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва раиси Ситоди ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар машвара бо вазоратҳои иқтисоду нақлиёт ва саноат ба ин натиҷа расидаанд, ки иқтисоди кишвар ба мутахассини чинӣ эҳтиёҷ дорад, аз ин хотир, манъи вуруди шаҳрвандони Чин ба кишвар маслиҳат нест.

Бино ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар корхонаҳои вазорати саноат ва технологияҳои нави ин кишвар 2176 шаҳрвандони Чин кор мекунанд, ки танҳо 617 нафарашон барои ҷашни соли нави чинӣ ба ватан нарафта буданд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ шумораи машғул бо кор дар тарҳҳои ин ниҳодро беш аз 2 ҳазор нафар ҳисоб карда буд, ки ҳудуди 600 нафарашон дар замони хуруҷи “вируси тоҷдор” дар Чин будаанд.

Чин нафароне, ки гирифтории худ ба коронавирусро пинҳон медоранд, эъдом мекунад

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 1 то 19 феврали соли равон 1066 чинӣ аз вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар беморхонаҳои сироятӣ бистарӣ таҳти қарантин қарор гирифтанд ва аз ин шумора 577 нафар мураххас гардида, бақия ҳамоно таҳти назорати духтуронанд.

Мавзӯъҳои асосӣ