22:26 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
60510

Андрей Грозин, роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ мегӯяд, агар ИМА нерӯҳояшро аз Афғонистон барорад, саҳнаи геопалитикӣ дар Осиёи Марказӣ тамоман тағйир меёбад

Санҷишҳои оштикунии амрикоиҳо бо толибон вазъ дар Афғонистонро нооромтар мекунад ва ба кишварҳои ҳамсоя таҳдидҳои навро эҷод менамояд.
"Омили мавсимиро қариб тамоми коршиносоне, ки вазъ дар Афғонистон ва Осиёи Марказиро меомӯзанд, эътироф мекунанд - ин маълумоти объективист", - гуфт Грозин ба Sputnik Тоҷикистон. 

Грозин о весеннем обострении у талибов

Ба гуфтаи коршинос, тобистон вақте ки ағбаҳо кушода мешаванд, амалиётҳои ҷангӣ дар вилусволиҳои гуногун, аз ҷумла қисми шимоли кишвар авҷ мегиранд. Ин ҷо омили мавсимӣ вуҷуд дорад, мегӯяд ӯ.

"Душанбе бояд барои пурзӯр кардани сарҳадот бо Афғонистон азм кунад, аммо ба назари ман, ин ҷои тааҷҷуб нест. Ин омили мавсимист, ки ҳамасола анҷом меёбад", - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи вай, қарори амрикоиҳо дар бораи берун кардани қӯшунҳояш аз кишвар, худ ба худ саҳанаи геопалитикиро дар минтақа дигар мекунад.  Ҳамчунин касе наметавонад ҳадс занад, ки пас аз фирори Амрико дар Афғонистон вазъ чигуна хоҳад шуд.

"На ИМА, на худи Толибон, на роҳбарити расмии Афғонистон дар Кобул ва бахусус, на кишварҳое, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, инро пешбинӣ карда наметавонанд", - мегӯяд Грозин.

Мақомоти Афғонистон теъдоди ғайринизомиёни кушташуда дар 1 соли охирро эълон карданд

Ба гуфтаи вай, новобаста аз он ки Амрико ва Толибон ба кадом тавофуқ расиданд, баъди гузашти як ё ним сол вазъ тағйир меёбад ва эҳтимоли комил аст ки он рӯ ба беҳбудӣ намеорад.

"Тоҷикистон ба ин бояд дар ҳошияи СПАД ва мудофиаи худ омода бошад", - мегӯяд дар анҷом коршинос.

Мавзӯъҳои асосӣ