07:42 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
192510

Рӯшан Аббосов, муовини раиси Шурои муфтиёти Русия нозукиҳои моҳи Рамазони замони коронавирусро шарҳ дод

Рӯшан Аббосов, муовини раиси Шурои муфтиёти Русия гуфт, Рамазони имсола фарқкунанда аст. 

Муфтӣ ёдрас шуд, ки дар тамоми кишварҳо бо далели паҳншавии коронавирус чорабиниҳои динии оммавӣ манъ шуда, масҷидҳо, аз ҷумла маконҳои муқаддас дар Макка ва Мадина баста шудаанд.

Аббясов рассказал, как соблюдать пост в Рамадан во время пандемии коронавируса

"Тамоми Рамазон - моҳест, ки мо бояд рӯзона аз хӯрдан, ошомидан ва наздикӣ бо ҳамсаронамон худдорӣ кунем. Дар мавлиди суол дар бораи нафароне, ки беморанд, Худованд дар Қуръони карим посух гуфтааст. Яъне нафароне, ки дар роҳанд ва ё беморанд, аз гирифтани рӯза озоданд. Тибқи шариат, беморон, вақте сиҳат шуданду мусофирон, вақте баргаштанд, рӯзаашонро мегиранд", - қайд кардааст Аббосов.

Муфтӣ афзуд,ки мусалмонони Русия ва тамоми ҷаҳон манзилҳояшонро ба масҷид табдил доданд ва ҷамоатҳои онҳо, узви оилаи онҳоянд. 

Ӯ нақши пизишконро дар ин рӯзҳо, ки бо коронавирус муборизаи беамон мебаранд, махсус қайд кард.

Пештар Шурои уламои Тоҷикистон  гуфта буд, ба шахсони бемор, мусофир, занони ҳомиладор, заноне, ки кўдаки ширхора доранд, гуруснагӣ ё ташнагии шадид, ки боиси ҳалокат ва ё беморшавии рўзадор мегардад, пиронсолӣ, инчунин дар ҳолати маҷбур кардан барои хўрдани рўза бо роҳи зўроварӣ хӯрдани рӯза иҷозат дода шудааст.

Ин ниҳоди динии кишвар гуфтааст, агар шахсе, ки машғули корҳои пурмашаққати ҷисмонӣ ва равонӣ бошад ва дар фасли гармо муддати беш 15 соат хўрок истеъмол накунад, тибқи хулосаи мутахассисони соҳаи тиб ҷисми ў бо витамину минералҳои лозима таъмин намегардад.

Баъди 10-12 рўзи чунин ҳолат масунияти бадан сусту заъиф гашта, аз ҷиҳати сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус осебпазир мегардад. Бинобар ин, дар чунин ҳолат барои ба хатар нагузоштани худ ва атрофиён ба ин ашхос тавсия дода мешавад, ки то ба эътидол омадани вазъият ва бартараф гаштани таҳдиди бемории коронавирус аз рўзадорӣ худдорӣ намуда, сипас дар рўзҳои мувофиқ қазо доранд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ