08:31 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15

Маълум шуд агрегати сеюми НБО Роғун кай ба кор дароварда мешавад

Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
1915 0 0

Маҳмадсаид Шамсуллозода, роҳбари техникии НБО Роғун корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ дар замони паҳншавии вируси корона дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Имрӯз маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикстон барои сохтмони НБО Роғун аз соли 2020 то соли 2022 наздик ба 1,1  миллиард доллар масраф хоҳанд кард. 

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои вазорати молии кишвар маблағгузори  НБО Роғун нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Маҳмадсаид Шамсуллозода таъкид кард, ки маблағгузории НБО Роғун барои соли ҷорӣ солҳои қаблӣ ба нақша гирифта шуда буд ва то ҳол, хабаре дар бораи коҳишёбии маблағгузорӣ сохтмони неругоҳ дар замони паҳншавии вируси корона нарасидааст.

Қарори Ҳукумат: соҳиби "саҳмияи тиллоӣ" дар "Роғун”, Талко, "Тоҷик Эйр" маълум шуд

“Ҳоло мо дар бораи агрегатҳои Роғун бо як ширкати австриягӣ гуфтушунид дорем. Ҳоло ду агрегат фаъоланд. Агрегати сеюмро тасмим дорем соли 2025 ба кор дарорем”, гуфт роҳбари техникии НБО Роғун ба Sputnik Тоҷикистон.

 

Шамсуллозода: третий агрегат Рогуна запустят на полную мощность в 2025 году

Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки новобаста аз паҳншавии вируси корона дар Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун идома доранд, аммо имрӯзҳо шумори коргарон кам кара шудааст.

“Ба хотири кам кардани ҷамъомади коргарон ва ҳифзи саломатии дигарон шуморе аз коргарон НБО Роғун ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд”, Шамсуллозода.

 

Барчаспҳо:
чарха, шарҳ, паҳншавӣ, НБО "Роғун", Роғун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ