07:46 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
324 0 0

Ҷорӣ шудани ҷавобгарии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ аз ҷониби раиси Шӯрои коршиносон оид ба амният ва муносибатҳои шаҳрвандон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Антон Цветков шарҳ дода шуд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд бар асоси он гаштугузори бидуни ниқоб, паҳн кардани беморӣ ва ахбори бардурӯғ ҷазо пешбинӣ шуд.

Дар як қатор кишварҳо барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи вирусҳо, ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ карда шудааст, гуфт раиси Ҳаракати умумирусиягии “Русияи қавӣ”, роҳбари шӯрои коршиносон оид ба амният ва муносибатҳои шаҳрвандон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Антон Цветков.

Вай қайд кард, ки вазнинии ҷазо аз таснифи ҷиноят вобаста хоҳад буд.

"Агар шумо як нафарро сироят карда бошед, ин як масъулият аст, агар якчанд нафарро гирифтор карда бошед- ҷазои сахттар  аст ва агар ягон шахси ноболиғро сироят дода бошед, боз ҳам сахттар мешавад", шарҳ дод коршиноси тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон.

Коршинос гуфтааст, бояд дарк кард, ки оё касе тасодуфан ба касе сироят кардааст, пас ҳеҷ нияти дигаре нест. Ва агар қасдан (сироятшуда - таҳрир.) Коронавирус, албатта, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад, агар ин вирус хатари воқеӣ ба ҳаёт ва саломатии инсон”,-гуфт Цветков.

"Бояд дарк кард, ки агар беморӣ тасодуфан аз як нафар ба дигаре сироя шуд, пас дар ин ҷой ҳеҷ нияти дигаре нест. Ва агар қасдан (манбаи сирояти - таҳрир.) коронавирус шуд, албатта, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад, чун ин вирус хатари воқеӣ ба ҳаёт ва ҷон дорад”,-гуфт таҳлилгар.

Коршинос қайд кард, ки барои муайян кардани амали қасдан ё тасодуфӣ тафтишот мавҷуд аст, ки вазъ ва далелҳои ҷиноятро омӯхта, хулосаҳоро ба суд пешниҳод мекунад.

Цветков афзуд, ки чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшуда мутобиқи таҳримоти дар дигар кишварҳо мавҷудбуда қонунӣ мебошанд.

“Ин вокуниши комилан муносиби давлат дар самти муқовимат ба ҷинояткорон ва ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон аст”, - хулоса кард ӯ.

Мавзӯъҳои асосӣ