08:21 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
765 0 0

Роҳбари Департаменти тандурустии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (минтақаи Аврупо) Даврон Муҳаммадиев дар бораи вазъи коронавирус дар Тоҷикистон гуфт

Дар Тоҷикистон фоизи калони беморони COVID-19 ба кормандони тиб рост меояд.

Аз шуюи вирус дар кишвар то имрӯз 1701 пизишк гирифтори коронавирус шуданд, ки аз се як ҳиссаи омори асосиро ташкил медиҳанд.

Мухамадиев: выявляемость заболевших COVID-19 в Таджикистане составляет до 600%

Муҳаммадиев мегӯяд, ки ин вазъ ба тамоми ҷаҳон хос аст, зеро гурӯҳи осебпазир дар мубориза бо коронавирус пизишконанд.

Дар кишварҳои гуногун аз 15 то 25 дар сади сироятёфтагонро духтурон ташкил медиҳанд, мегӯяд Муҳаммадиев. Вазъ то ҳол нигаронкунанда аст. 

"Феълан кишварҳои зиёде аз ҷумла Тоҷикистон карантинро бекор мекунанд. Аммо ин аз анҷоми пандемия хабар намедиҳад. Феълан, бино бар маълумоти коршиносони аврупоӣ, вирус  аз Ғарб ба Шарқ ҳаракат мекунад. Дар ҳамин ҳол, ду моҳ пеш паҳншавии коронавирус асосан ба қисми ғарбии Аврупо рост меомад, феълан дар Шарқи Аврупо, Кавказ, Осиёи Марказӣ паҳн мешавад", - гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ таъкид мекунад, ки аз охирҳои апрел то имрӯз афзоиши шумораи бемории коронавирус дар Тоҷикистон 600 дар садро ташкил медиҳад.

Бардоштани маҳдудиятҳо бошад, на ба беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, балки вазъи иқтисодӣ вобаста аст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ