08:13 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
78410

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия тавзеҳ дод, ки парвозҳои махсуси баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия аз чӣ вобаста аст

Сафири фавқуллода ва мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки садҳо шаҳрванди кишвар аз сафорат дар баргаштан ба ватан мусоидат хостаанд.

Сатторов рассказал подробности о спецрейсах из России в Таджикистан

"Албатта, дар мӯҳлати кӯтоҳ мо ҳамаи хоҳишмандонро интиқол дода наметавонем. Нахустин парвози махсус барои нафаронест, ки чуноне ки ВУХ Тоҷикистон таъкид кардааст, сахт эҳтиёҷ доранд ва дигар интизор шуда наметавонанд", - қайд мекунад сафир.

Дигар ҷанбаҳои масъала ва рӯзи парвоз аз иҷозати мақомти Русия ба ин парвоз вобаста аст, афзуд Сатторов.

Ба гуфтаи ҷаноби сафир, ҳамаи нафароне, ки аз Русия ба Тоҷикистон бар мегарданд, ба карантина фаро гирифта мешаванд ва аз ташхиси коронавирус мегузаранд.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар робита бо вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ва Русия, парвозҳои маъмулӣ ба наздикӣ аз сар гирифта мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ