05:00 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
311 0 0

Пизишки рус ба саволи "чигуна метавон зукомро аз коронавирус фарқ кард" посухи дақиқ дод. Ба гуфтаи вай, метавон аз дараҷаи ҳарорати бадан муайян кард, ки бемор зуком дорад ё КОВИД-19

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Коронавируси навъи нав одатан аз ҳарорати баланди бадан шурӯъ намешавад, мегӯяд коршиноси рус Андрей Тяжелников дар мусоҳиба бо расонаҳои Русия.

"Нишонаҳои зуком - тасби баландтар аз коронавирус ва саршавии тунд мебошад. Ин яке аз хусусиятҳои асосии фарқкунандаи зуком аст", - гуфт вай.

Пизишк афзуд, ки якбора баланд шудани ҳарорати бадан то 40 дараҷа, бемадорӣ ва дарди устухон аз бемории зукум дарак медиҳанд.

"Нишонаҳои махусуси коронавирус гум кардани бӯй ва мазза аст", - мегӯяд Тяжелников.

Ӯ афзуд, ки коронавирус то охир таҳқиқ нашудааст, барои ҳамин беморӣ метавонад ҳаргуна паси сар шавад.

"Мо беморонеро дидем, ки ягон нишонаи коронавирусро надоштанд, аммо шушашон осеб дида буд. Ва ё баръакс, нафаронеро дидем, ки аз нигоҳи ҳисси дард вирусро мушкил паси сар мекарданд, аммо пневмания надоштанд", - таъкид кард коршинос.

Вай қайд намуд, ки коронавирусро бо зуком қиёс кардан, нодуруст аст.

Вабо, холера, зуком: чӣ гуна бо эпидемия дар ИҶШС мубориза мебурданд - акс

 

Бино бар омори то 26 июл, дар тамоми ҷаҳон беш аз 16,22 миллион нафар гирифтори КОВИД-19 шудаву 650 ҳазор нафар қурбони он.

Дар Тоҷикистон аз 30 апрел то имрӯз беш аз 7 ҳазор тан мубталои коронавирус шудаанду шумораи қурбонинён ба марзи 60 кас наздик гаштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ